Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон нархномаҳои нави нерӯи барқро тасдиқ кардааст. Бино бар он, арзиши нерӯи барқ 25 дарсад гаронтар шуд.

Ҳамакнун, аҳолӣ барои ҳар як киловатт соати нерӯи барқ муваззаф аст, шаш дирам пардохт намояд. Қимати қаблӣ барои аҳолӣ 4,8 дирам барои як киловатт соат буд.

Корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатӣ ҳамакнун барои як киловатт соат 13,68 дирам бояд супоранд. Ниҳодҳои буҷавӣ ва коммуналӣ 5,44 дирам ва пойгоҳҳои обкашиву нақлиёти барқӣ 3, 64 дирам барои як киловатт соат пардохт хоҳанд кард.

Аммо нерӯи барқ барои корхонаи алюминиюми «Талко» ба гунаи қабл боқӣ мондааст. Ба гуфтаи мақомот, аз афзоиши нархи нерӯи барқ барои «Талко» ба хотири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки қимати алюминиюмро ба замин зад, худдорӣ кардаанд, то ба фаъъолияти корхона латмаи бештари молӣ ворид нашавад. «Талко» барои ҳар як киловатт соат 5,15 дирам месупорад.

Нархномаҳои нав барои нерӯи барқ аллакай аз 1 январ ба ҳукми иҷро даромадаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG