Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши журналистон ба нотаи сафорати Русия


Рӯзноманигорони тоҷик эътирози сафорати Русия дар Душанбе дар мавриди чопи матолиб дар нашрияҳои маҳаллӣ дар мавзӯъоти марбут ба муҳоҷиронро беасос хонданд.

Сафорати Русия дар робита ба матолиби як қатор ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон нота ирсол кард. Дар ин эътирознома аз ҳафтаномаҳои «ФК-capital», «СССР», «Нигоҳ», «Миллат» ва «Фараж» интиқод кард, ки ба қавли сафорат, ин ҳафтаномаҳо дар баррасии масоили муҳоҷирони кории тоҷик аксаран матолиби носаҳеҳу таҳрифшуда ба чоп мерасонанд ва дар қиболи раҳбарияти Русия навиштаҳои носазо нашр мекунанд. Сафорати Русия дар нотаи худ чунин коргириҳои ҳафтаномаҳои номбурдаро «талоше барои аз Русия нақши душмани мардуми тоҷик сохтан» унвон кардааст. Дар номаи эътирозии худ сафорати Русия хостори андешидани чораҳои зарурӣ дар ин робита шудааст.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтавори «Фараж» ин эътирози сафорати Русияро ҷузъ таҳқир чизи дигаре намедонад. Ӯ гуфт, мақомоти Русия агар тавон доранд, бигузор расонаҳои хабарии интернетии худро контрол кунанд, ки дигар ҷумҳуриҳоро душмани Русия муаррифӣ мекунанд. Хуршеди Атовулло афзуд, тоҷику Тоҷикистон ба Русия душманӣ надорад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ ба ҳамин назар аст. Ба назари оқои Қаршибоев, вазорати хориҷии Тоҷикистон набояд дар вокуниш ба ин нота озодии баён дар Тоҷикистонро маҳдуд кунад.

Нотаи сафорати Русия дар Душанбе дар ҳоле ироа мешавад, ки ахиран вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар бастагӣ ба куштори ваҳшиёнаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия ба сафорати Русия эътирознома ирсол карда буд.

Дар эътирозномаи худ вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз афзоиши ҳодисаҳои куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия боиси нигаронии шадид намуда, иттилоъ дода буд, ки аз оғози соли равон дар қаламрави Русия беш аз 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст, ки 84 нафари он аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгарои рус кушта шудааст.

Вале мақомоти амниятии Русия ҳодисаҳои қатлу куштори муҳоҷиронро амали гурӯҳҳои нажодпарастӣ намедонанд, балки омилони ин гуна қатлу кушторро ба унвони авбошон муҷозот мекунанд.

Ба ин далел, сардабирони ҳафтавори “Фараж”, «СССР», «Миллат» ва «Нигоҳ» тасмим доранд, ки дар вокуниш ба ин нотаи сафорати Русия як номаи ҷавобӣ интишор намоянд.
XS
SM
MD
LG