Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд


Барфи зиёд шоҳроҳи Душанбе – Хуҷандро барои ҳаракати автомобилҳо масдуд кардааст.

Ду шабонарӯзи ахир дар ағбаи Шаҳристон ва дар қисмати ҷанубии нақби Истиқлол, ки дар масири ин шоҳроҳ воқеъ ҳастанд, ғайричашмдошт барфи зиёде борид ва сабаби қатъи ҳаракати мошинҳо ва мусофирин аз ҳарду ҷониб гардид.

Ронандаҳое, ки мошинҳояшон дар ин масир мутаваққиф шудаанд, мегӯянд, ки аз 16-уми декабр боз мунтазири кушодашавии роҳ ҳастанд.

Айни замон маълум нест, ки ин роҳ кай кушода мешавад. Назар ба гуфтаи кормандони нозироти нақлиётии минтақаи Зарафшон, феълан дар ҳарду ағбаҳо техникаи зарурӣ кор карда истодааст ва роҳҳо аз барф поккорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG