Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қарзашро ба Русия пардохт мекунад


Ширкати "Барқи Тоҷик" гуфтааст, ки то поёни соли ҷорӣ Тоҷикистон қарзи худро барои истифодаи нируи барқи Сантуда-1 ба Русия пардохт хоҳад кард. Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ-сухангуи ин ширкат ба матбуъот хабар додааст. Ин ниругоҳ бо сармояи Русия сохта шудааст ва то ҳол Тоҷикистон барои истифодаи барқи ин ниругоҳ ҳудуди 6 милиён доллар аз Русия қарздор аст. То ҳол 3 чарха ё агрегати ин ниругоҳ ба кор даромадааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар аввали моҳи январ чархаи чаҳоруми ин ниругоҳ низ мавриди истифода қарор бигирад.

XS
SM
MD
LG