Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаст соли Эъломияи ҳуқуқи башар


Рӯзе, ки Эъломия хабул мешуд.
Рӯзе, ки Эъломия хабул мешуд.

Имрӯз, даҳуми декабр, дар саросари ҷаҳон чун аз Рӯзи ҳуқуқи башар ёд мекунанд.

Соли ҷорӣ ин рӯз бо 60-умин солгарди тасвиби Эъломияи ҳуқуқи башар мусодиф меояд. СММ дар робита бо ин солгард аз муддатҳо қабл омодагиро оғоз ва дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон тадобиреро барномарезӣ кардааст, то мардум битавонанд бештар аз ҳуқуқи бунёдии худ огаҳ шаванд.

Бан Ки-мун, Дабири кулли СММ дар остонаи Рӯзи ҳуқуқи башар дар паёми худ гуфт, танҳо замоне метавон аз ин санад ифтихор кард, ки усули он дар ҳар ҷо ва барои ҳама ба иҷро расад.

Эъломияи ҳуқуқи башар дар соли 1948 замоне ба тасвиб расид, ки ҷаҳон ҳанӯз домангири пайомадҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ буд ва ҳуқуқи башар дар вазъи хубе қарор надошт. Ҳуқуқи инсон дар шаклҳои гуногун поймол мешуд. Бо назардошти чунин вазъ, дар СММ ба хулосае расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин вазъ як санади умумӣ зарур аст, то он ҳимоят аз ҳуқуқи ҳар фарди сайёраро дар алоҳидагӣ фаро бигирад.


The Universal Declaration of Human Rights
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00



Хонум Элеанор Рузвелт, ҳамсари Франклин Рузвелт, раисҷумҳури вақти ИМА шаст сол пеш дар рӯзи тасвиби Эъломияи ҳуқуқи башар раёсати Комиссияи ҳуқуқи башари СММ-ро бар ӯҳда дошт. Ӯ рӯзи нӯҳуми декабри соли 1948 дар Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк дар лаҳзаҳои қабл аз тасвиби ин эъломия гуфта буд, ин Эъломия дар оянда метавонад дар ҳама ҷо барои ҳама ба дастуруламали байнулмилалӣ табдил ёбад.

XS
SM
MD
LG