Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши НАТО ба ёфтани роҳҳои нав ба Афғонистон


Кишварҳои Паймони Атлантики Шимолӣ бо Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон гуфтушунид доранд, то роҳҳои бадалии икмолотӣ ба Афғонистонро боз кунанд. Ин иқдом дар ҳоле гирифта мешавад, ки бори чаҳорум аст, корвонҳои икмолотии НАТО дар Покистон ҳадафи ҳамлаи ошӯбгарон қарор мегиранд, аз ҷумла ду ҳамла дар се рӯзи охир. Мақомоти НАТО мегӯянд, инчунин бо Беларус ва Укроин вориди гуфтушунид шудаанд, то маводи интиқолии худро аз ҳамлаҳои заминӣ дар Покистон ва обӣ аз тарафи роҳзанҳои дарёии Сомалӣ эмин гардонанд. Зиёда аз 70 дарсади ин мавод аз тариқи Покистон вориди Афғонистон мешавад.
XS
SM
MD
LG