Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи 30-юми «Регар» ТадАЗ


Дастаи «Регар» ТадАЗ дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон боз як пирӯзӣ ба даст овард.

Футболбозони шаҳри Турсунзода имрӯз, 9 декабр дар майдони худ тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 5:2 шикаст доданд.


Дар бозии дигар «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар бар «Динамо»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.


Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ, ки бо 94 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст, бешак, барои ҳафтумин бор ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст хоҳад ёфт.

Муддаъиёни медалҳои нуқраву биринҷӣ - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 79 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 78 имтиёз дар ҷои севум мебошанд. 10-уми декабр «Хуҷанд» дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо «Вахш» ва 11-уми декабр «Парвоз» дар майдони худ бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бозӣ хоҳанд кард.

Дар сабқати беҳтарин голзанҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишвар Сӯҳроб Ҳамидов, ҳамлагари дастаи «Энергетик»-и Душанбе, дар ҷои аввал мебошад. Вай 28 гол ба самар расондааст. Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари тими «Парвоз», бо 26 гол дар ҷои дуввум қарор дорад.

Мавқеъи дастаҳо то 10-уми декабр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

37

30

4

3

123-32

94

2.

«Хуҷанд»

35

25

4

6

62-26

79

3.

«Парвоз»

35

24

6

5

78-26

78

4.

«Вахш»

37

21

3

13

57-40

66

5.

«Энергетик»

36

17

4

15

65-47

55

6.

«Тоҷиктелеком»

36

17

2

17

60-58

53

7.

«Динамо»

33

12

8

13

42-46

44

8.

«Саройкамар»

36

8

5

23

43-79

29

9.

«Равшан»

38

7

6

25

41-98

27

10.

«Гвардия»

38

6

6

26

30-81

24

11.

CСKA «Помир»

37

7

2

28

21-89

23

XS
SM
MD
LG