Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳмати кӯдакон дар Қирғизистон


Дар шароите, ки ҷомеъаи Қирғизистон дар ҳамин ҳол ба он рӯ ба рӯст, як гурӯҳи кӯдакони синни мактабиро низ водор кардааст, ки дар баробари калонсолон шуғле пайдо кунанд ва музд ба даст оранд.

Як гурӯҳи калони ин кӯдакон баъди анҷоми машғулиятҳои дарсӣ ё ба мошиншӯӣ, ё дар бозорҳо ба аробакашӣ, ё фурӯши ягон маҳсулот машғул мешаванд.

Ҳамсӯҳбати аввали мо итиминон ҳосил намуд, ки вайро ба навори видео намекашем, пас худро Қанат муаррифӣ кард ва барои сӯҳбат бо мо розӣ шуд. Ба гуфтаи Қанат, ӯ дар синфи ҳафтуми мактаби мусиқии шаҳри Бишкек таҳсил мекунад. Вай афзуд, дар ҳамин ҳол ҳар як оила, ба вижа оилаҳои серфарзанд, ба пул ниёзи бештар доранд, ки оилаи онҳо ба шумули чунин оилаҳо шомил аст, аз ин лиҳоз вай ҳар рӯз баъди анҷоми дарс барои пайдо кардани дастмузде дар яке аз дӯконҳои китобфурӯшӣ кор мекунад ва шом ба хона бармегардад. Қанат мегӯяд, ки чун баъзе ҳамтоёни дигари вай барои машқи мусиқӣ, тамошои телевизор ва ё бозӣ дар интернет-кафе вақт надорад.

Як навраси дигар мегӯяд, ки шустани мошин кори осон нест, вале вай маҷбур аст, ки то 8-10 соат ба ин кор машғул шавад. Ба гуфтаи Мӯминбеки 16-сола, вай баъзе рӯзҳо то 300-400 сом, муодили 8-10 доллари амрикоӣ, музд ба даст меорад. Вай афзуд, ки баъзан бештар аз ин ҳам пул ёфтанаш мумкин.

Мӯминбек мегӯяд, ки ду сол пеш падараш ба Русия барои мардикорӣ рафта буд ва маълум нест, ки ҳозир вай дар куҷо ва машғули чи кор аст. Бино ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ба далели он ки вай фарзанди бузурги оила аст, ба умеди пулёбии фақат модараш нахоҳад шуд. Вай мегӯяд, бо вуҷуди он ки фасли сармо фаро расидааст ва шӯстани мошин саломатии вайро зери хатар қарор хоҳад дод, вале маҷбур аст, ки ба модараш кӯмак кунад.

Бо Ҷениш дар бозори Дордой, воқеъ дар шаҳри Бишкек, мулоқоти кӯтоҳе доштам, ки онро бозори умдафурӯшии Осиёи Марказӣ низ мешуморанд. Ба гуфтаи Ҷениш, вай кайҳо тарки мактаб кардааст ва идомаи таҳсилро ҳаргиз зарур намешуморад. Ҷениш афзуд, вай бояд ҳар рӯз амволи мардумро аз як ҷой ба ҷои дигар кашонад ва 150-200 сом, муодили 40-50 доллар, музд ба даст орад. Дар акси ҳол модари бемораш ва хоҳару додаронаш бидуни нон хоҳанд монд. Вай мегӯяд, пули ба даст овардаашро фавран ба модараш месупорад. Баъди ин сӯҳбат Ҷениш саросема худро ба издиҳоми харидорони бозор зад, то ки моли яке аз онҳоро то назди таксӣ бирасонад.

Тибқи як таҳқиқот, ки Иттиҳодияи иҷтимоии «Маркази ҳимоят аз кӯдакон» анҷом додааст, 44 дарсади кӯдакон то 5 соат кор мекунанд ва 35 дарсади онҳо аз 5 то 8 соат машғули кор ҳастанд. Ин манбаъ меафзояд, ки вале ин кӯдакон аз рӯзи истироҳат бархурдор намебошанд. Гуфта мешавад, ки беш аз 40 дарсади кӯдаконе, ки ба шуғл фаро гирифта шудаанд, корҳои вазнинро анҷом медиҳанд, ки ба саломати онҳо зарари ҷиддӣ ворид мекунад ва намегузорад, ки онҳо ҷисман нашъунамо ёбанд.

«Маркази ҳимоят аз кӯдакон» баъди таҳқиқоте дар ҷануби Қирғизистон ба чунин натиҷа тавассути аробакашӣ музд пайдо мекунанд. Бино ба ин манбаъ, синну соли ин аробакашҳо аз 12 то 18-соларо ташкил мекунад.

Гуфта мешавад, ки аммо 23 дарсади кӯдакон ба кашонидани қуттиҳо машғуланд, ки синнашон аз 6 то 14 мебошад. Ин манбаъ меафзояд, ки беш аз 20 дарсади кӯдакон ба тоза кардани пойафзал машғуланд. Маркази ҳимоят аз кӯдакон мегӯяд, вале ба ин шумул кӯдакону наврасоне шомил нестанд, ки ба корҳои саҳроӣ ва нигоҳубини чорво ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG