Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози муҳоҷирон кор дод


Додситонии ноҳияи Ленини вилояти Екатеринбург дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи пешакии шикояти коргарони ширкати сохтмонии "СКА" собит кардааст, ки мудирияти ин ширкат ба коргаронаш ҳаққи заҳмати думоҳаи онҳоро пардохт накардааст.

Ин дар ҳолест, ки беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои кор бо ширкати "СКА" ҷалб шуда буданд, охири ҳафтаи гузашта гуфтанд, раҳбарият ҳаққи заҳмати чаҳормоҳаи онҳоро пардохт накардааст ва онҳо бо талаби баргардонидани маошашон коршиканӣ мекунанд. Ҳаҷми куллии маблағҳое, ки ба коргарон пардохт нашудааст, ҳоло ҳисобу китоб мешавад.

Додситонии ноҳияи Ленини вилояти Екатеринбург ваъда дод, ки ширкати сохтмониро муваззаф мекунад, то маоши коргаронро пурра пардохт кунад.

Барои расидагӣ ба мушкили коргарони тоҷик мақомоти ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург ва консулгарии Тоҷикистон сафарбар шудаанд.

Коргарони тоҷик машғули сохтани манзили бисёрошёнае дар Екатеринбург мебошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG