Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис аз Никарагуа рӯ тофт


Гурҷистон дар бораи гусастани равобити дипломатӣ бо Никарагуа хабар дод. Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи Гурҷистон омадааст, ки ин тасмим баъди амри раисиҷумҳури Никарагуа Даниэл Ортега барои шинохти истиқлоли Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ гирифта шудааст. Номаи расмӣ дар бораи гусастани равобити дипломатӣ бо ин кишвари Амрикои Лотин ба намояндагии Никарагуа дар Созмони Милали Муттаҳид супурда шудааст.

Аз ин пеш Тифлис равобити дипломатӣ бо Маскавро низ маҳз ба хотири эътирофи истиқлоли ин ду минтақаи ҷудоихоҳ аз сӯи Русия қатъ карда буд.
XS
SM
MD
LG