Ширкати бузурги “Газпром” низ иҷрои тарҳи бунёди қароргоҳи 2-миллиарддоллариии саропо шишакориаш дар Санкт-Петербургро то рӯзҳои беҳтар ба ҳоли таълиқ даровард.
Ин танҳо ду намуна аз намунаҳои зиёди сохтмонҳои нотамомест, ки интизор мерафт, ҳамчун рамзи қудрати эҳёшудаи моливу иқтисодӣ ва сиёсии Русия пайиҳам қад биафрозанд. Ба сурати умум, асароти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар ҷомиаи Русия то ба ин авохир чандон маҳсус набуд ва асосан ба далели таваҷҷӯҳи ками мардумаш ба харидуфурӯши саҳом. Аммо тайи ҳафтаҳои ахир осори бӯҳрон дар рӯзгори мардуми оддӣ дар Русия низ андак-андак зоҳир шуда, ба гуфтугӯҳо дар бораи эҳтимоли бурузи ошӯбҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар оғоз гузошт. Марина Красилникова, коршиноси Маркази назарсанҷии Левада мегӯяд, шумори онҳое, ки маоши худро сари вақт намегиранд, ё маошашон коҳиш ёфт ва ё аз кор ронда шудаанд, ду маротиба афзуд.
Уфти башиддати қиммати нафт уфти низ башиддати рубли русиро, ки ҳамагӣ чанд моҳ қабл як воҳиди пулии эмин аз заработи бӯҳрони молӣ тасвир мешуд, дар пай овард. Рушди иқтисоди Русия дар моҳи октябр ҳамагӣ 0,6 дарсадро ташкил дод. Яъне, 10 маротиба поинтар аз мизони рушди моҳи қаблии сентябр. Тақозо дар бозор ба маҳсулоти ширкатҳои бузурге, чун корхонаҳои мошинсозии КАМАЗ ва ГАЗ, дар моҳи октябр 30 дарсад поин рафт ва ин ду ширкат ба дунбол эълон карданд, ки муваққатан қатъи фаъолият мекунанд.
Кремл ба хотири наҷоти иқтисодаш як барномаи оҷил ва бесобиқаи кӯмаки 180-миллиарддоллариро қабул кард. Хазинаи асъори Русия 450 миллиард долларро ташкил дода, ҳамоно бузург боқӣ мемонад, вале ин хазинаи бузург дар ҳоли босуръат об шудан аст, чунки ҳамагӣ се моҳ пеш, дар моҳи август болиғ аз 600 миллиард доллар буд.
Тавре ба назар мерасад, мақомот инро низ дарк мекунанд, ки бӯҳрон метавонад дар ниҳоят ба беназмиҳои иҷтимоӣ мунҷар шавад. Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар моҳи равон ниҳодҳои интизомиро дастур дод, аз ҳар навъ ошӯб ҷилавгирӣ карда, алайҳи афроде, ки мехоҳанд аз авоқиби бӯҳрони молӣ истифода баранд, иқдом кунанд. Медведев гуфт, субот дар Русия қоим шудааст ва зарурате барои бозгашт ба солҳои пур аз ҷӯшу хурӯши 90-ум ба онҳо лозим нест.
Тақрибан 10 соли шукуфоии иқтисодӣ ба сардамдорони Кремл имкон дод, суботи сиёсиро барқарор карда, дар чашми мардум обрӯи бузургеро ба даст биоваранд. Ва аммо хотироти дефолти соли 1998, ки мардум дар як шаб пасандозҳои худро аз даст дод ва боис ба мавҷи тазоҳуроти эътирозӣ дар кӯчаву хиёбонҳо шуд, ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст. Бархе таҳлилгарон, эҳтимоли ба ошӯбҳои иҷтимоӣ печидани бӯҳрони кунуниро низ баъид намедонанд. Николай Петров, таҳлилгари Маркази Карнегӣ бурузи чунин ошӯбҳоро нафақат мумкин, балки амри ногузир меномад.
Заработи давлат тавонист аҳзоби мухолифро дар Русия хеле заъифу бедандон ва хатари ин аҳзоб барои Кремлро тақрибан сифр кунад. Аммо бӯҳрони молӣ мунҷар ба таҳдиди мустақим ба Кремл аз ҷонибе шудааст, ки интизор надошт. Таҷрубаи гузашта ҳокист, ки мардуми одатан хеле пурсабри Русия, дар сурати зери хатар қарор гирифтани сарнавишти пулу моли онҳо ба осонӣ ба кӯчаву хиёбонҳо мерезад.
Қарори маълум, ҳамасола садҳо ҳазор аз муҳоҷирини тоҷик низ рӯзии хонаводаҳои худро аз бозори кори Русия ба даст меоранд. Аммо вазири умури дохилаи Русия Рашид Нургалиев ахиран гуфт, ки афзоиши бекорӣ дар кишвар афзоиши ҳамалот алайҳи мардикорони хориҷиро ба дунбол хоҳад овард. Дар ҳоле, ки ҷиноёт дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ дар Русия инак чанд сол боз дар ҳоли афзоиш аст, боду боронҳои бӯҳрони молӣ метавонад бар ин оташ равғани бештар бирезад.
ман лозим шавад дар назди худаш исбот карда медихам ки барои хучат имзо кардан чи кадар аз ман маблаг талаб кардааст
Рустам бародар бисер ОАДАБОНА ва аз руи ЭТИКЕТ харф ЗАДИ ва кабулхам ХАСТ локин инчо як нозукии КУЧАК хам ХАСТ вакте ба МАНЗИЛАТ бо тамом МУСАЛЛАХ зада даромада аз катлу куштор КОР мегиранд дигар ТАБИИСТ,ки инсон як ТАРАФ истан ХАЙВОН-хам,ки бошад НОГУЗИР аз худ ДИФОЬ мекунад...《макомот》(садкаи ин НОМ шаванд)мегуянд чавонони Бадахши рохоро БАСТАНД вале НАМЕГУЯНД барои ЧИ?!чи ва кирдори ки онхоро ба ин кор ВОДОР кард инро 《макомот》НАМЕГУЯД ку як бор таьрихи 30солаи хукумронии рахмонро ВАРАК зада БИНЕД майлаш мо Кулобихову Фронти Халки нимамон зиндониву ними дигар КУШТАВУ камтари дигараш БЕСОХИБУ бангиву ханги ГАШТАЕМ дар кучахо бе хонаву дар локин бо ин Помирихо ЧИ?!муомилаи 《хуб》дар ин 30сол 《кард》,ки онхо урову мункарони МАНКУРТ-шудаи уро бо ОГУШИ боз 《пешвозаш》гиранд...Рустамчон вакте,ки ЗАХМ аз мухлати мукарарии муоличааш ГУЗАШТ чои захм ГОНГРЕНА мешавад он чойро ба чуз КАТ кардан е БУРРИДАН дигар илоч НЕСТ 《хукумати》рахмон ба ГОНГРЕНА мубаддал ГАШТААСТ ва ба чуз КАТ кардан дигар МУОЛИЧА надорад!!!
Худованд чояшро чаннат кунад,cитораи дурахшони балетаи точик Малика Собирова,ман фахр мекунам, ки Маликаи точики мо дар замони Шурави сахнаи тчоикро ба фазои баланд ,бардоштааст.Парвардигоро гураш пурнур бошад,гузаштанашро аз Пули Сирот осон гардонад.Рухат шод бод Маликаи зебои точик,хонаи охиратат обод бод.
Набирают опыт. Чтобы Кыргызстан боялся
Шараф ба Шумо кахрамонхои Украини!!!Худо кунад,ки мо Точикистониен мисли Шумо Ватанаморо хамигуна ДУСТ дорему барои як ВАЧАБ замини даркор ШАВАД бо дасти ХОЛИ хам бошад аз ДИФО кунем!!!Боз хам ШАРАФ ба Шумо шараф шараф шараф!!!