Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз IMF 7,6 миллион $ қарз хоҳад гирифт


Покистон мегӯяд, Исломобод аз Сандуқи байналмилалии пул 7, 6 миллиард доллар қарз дарёфт хоҳад кард. Шавкат Тарин, як мақоми аршади молии Покистон гуфт, Сандуқи пул ҷиҳати ироаи ин кӯмак ба Покистон “ усулан” розӣ шудааст. Тарин гуфт, Исломобод ҳафтаи оянда расман аз Сандуқи байналмилалӣ ироаи ин маблағро дархост хоҳад кард ва онҳо умедворанд, ки дар амри ироаи ин кӯмак истиҳола нахоҳад шуд. Мақомоти ғарбӣ метарсанд, ки мабодо мушкилоти иқтисодии Покистон талошҳои роҳандозишуда алайҳи ҷангиён дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистонро ба мадди дуввум набарад.
XS
SM
MD
LG