Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Фаррух Амонатов
Фаррух Амонатов

Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 12-уми ноябр дар шаҳри Дрездени Олмон оғоз ёфт, шарафи Тоҷикистонро 10 шатранҷбоз ҳимоя мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон устодони байнулмилалӣ Анвар Назаров, Ҷамшед Исоев, Сӯҳроб Ҳамдамов, Соиб Ҷӯраев ва устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Рашид Ҳусейнов шомиланл. Ба дастаи мунтахаби занонаи кишвар варзишгарони ҷавон Шаҳноза Умарова, Надежда Антонова, Марворид Насриддинова, Асила Мӯҳтоҷева ва шатранҷбози пуртаҷриба Саодат Одинаева дохиланд.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот то 26-уми ноябр идома хоҳад кард.

Боз як хабари тоза барои дӯстдорони шоҳмот. Шатранҷбози машҳури тоҷик, гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов дар Ҷоми Русия, ки дар шаҳри Серпухов ҷараён дорад, ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар сабқати мардон, ки то 17-уми ноябр идома меёбад, 48 нафар ширкат меварзанд. Аз он ҷумла 16 нафар зӯртарин шатранҷбозон аз рӯи феҳристи Федеросиюни байнулмилалии шоҳмот, ки ба қатори онҳо Фаррух Амонатов низ шомил аст, аз давраи дуввум ба мубориза шурӯъ карданд.

XS
SM
MD
LG