Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон – барандаи ҷоизаи севуми Ҷоми «Умед»


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми «Умед» дар Қирғизистон гардид.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Сулаймон Бобокалонов ба Радиои озодӣ гуфт, ин мусобиқаи анъанавӣ бо ширкати дастаҳои занонаи Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи Маркази миллии футболи шаҳри Бишкек тӯли чаҳор рӯз идома кард.

Дастаи мактаби махсуси бачагонаю наврасони захоири олимпии пойтахти Қирғизистон, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Қазоқистон бо ҳисоби 6:2 пирӯз гардид, мақоми аввалро касб кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷои севумро гирифт.

Ин мусобиқаи анъанавӣ байни духтарони футболбози соли таваллудашон 1992 баргузор шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG