Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ даста – дар чаҳорякфинали сабқати Осиё


Бозиҳои даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ дар гурӯҳҳои «А» ва «В» ба анҷом расиданд.

Дастаҳои Ҷопон ва Арабистони Саъудӣ (гурӯҳи «А»), Аморати Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «В») ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Инчунин дастаи Чин ( гурӯҳи «С») новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо тими Кореяи Шимолӣ ба чаҳорякфинал баромад. Дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон (гурӯҳи «С»), Австралия, Узбакистон ва Тайланд (гурӯҳи «D») барои се роҳхати дигар талош хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки дастаи Тоҷикистон танҳо дар сурати пирӯзӣ дар бозии охирини гурӯҳӣ бар тими Лубнон бо ҳисоби хеле бузург ва бохти Куриёи Шимолӣ аз тими Чин бо ҳисоби калон ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбад.

Натоиҷи бозиҳо ва мавқеъи дастаҳо дар сабқати гурӯҳӣ чунин аст:

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум Ҷопон – Яман – 5:0, Арабистони Саъудӣ -Эрон - 2:1.
Даври 2-юм - Яман – Арабистони Саъудӣ – 1:4, Эрон – Ҷопон – 2:4.

Даври 3-юм - Ҷопон – Арабистон – 1:1, Эрон – Яман – 2:0.

Б Ғ М Б Т/Т И

Ҷопон 3 2 1 0 10-3 7

Арабистон 3 2 1 0 7-3 7

Эрон 3 1 0 2 5-6 3

Яман 3 0 0 3 1-11 0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум Кореяи Ҷанубӣ – Сурия – 1:0, Ироқ - АМА - 1:2.
Даври 2-юм - Сурия – Ироқ – 1:2, АМА – Кореяи Ҷанубӣ – 2:1.

Даври 3-юм - Кореяи Ҷанубӣ – Ироқ – 2:0, Сурия – АМА – 0:2.

Б Ғ М Б Т/Т И

АМА 3 3 0 0 6-2 9

Кореяи Ҷан. 3 2 0 1 4-2 6

Ироқ 3 1 0 2 3-5 3

Сурия 3 0 0 3 1-5 0

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум – Чин - Тоҷикистон - 6:0, Кореяи Шимолӣ - Лубнон - 4:0. Даври 2-юм - Тоҷикистон – Кореяи Шимолӣ - 1:1, Лубнон – Чин – 1:3.

Б Ғ М Б Т/Т И

Чин 2 2 0 0 9-1 6

Кореяи Шим. 2 1 1 0 5-1 4

Тоҷикистон 2 0 1 1 1-7 1

Лубнон 2 0 0 2 1-7 0

Даври 3-юм. 5-уми ноябр: Тоҷикистон – Лубнон, Кореяи Шимолӣ – Чин.

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум – Урдун – Узбакистан – 0:1, Австралия – Тайланд – 1:0.
Даври 2-юм - Узбакистон – Австралия – 1:1, Тайланд – Урдун -3:2.

Б Ғ М Б Т/Т И

Австралия 2 1 1 0 2-1 4

Узбакистон 2 1 1 0 2-1 4

Тайланд 2 1 0 1 3-3 3

Урдун 2 0 0 2 2-4 0

Даври 3-юм. 5-уми ноябр: Урдун – Австралия, Тайланд – Узбакистон.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 8-уми ноябр баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Чаҳор дастаи ба бозиҳои ниманиҳоӣ (11-уми ноябр) роҳёфта ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср доир мегардад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG