Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори масъули СБП бо Эмомалӣ Раҳмон


Сандуқи байнулмилалии пул мегӯяд, дар мавриди эътимод ба мақомоти Тоҷикистон танҳо моҳи декабр мешавад сӯҳбат кард.

Аксел Шиммелпфенниг, сарвари намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, ки баъд аз мулоқоташ бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, мақомоти расмии Тоҷикистон ҷиҳати барқарор кардани эътимоди ниҳодаш корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, дар ин самт пеш рафтаанд. Вай афзуд, ки барномаи мониторинги Сандуқи байнулмилалии пул то моҳи декабр идома дорад.

Қаблан, Сандуқи байнулмилалии пул мақомоти Тоҷикистон ва қабл аз ҳама Бонки миллии ин кишварро дар ҳафт мавриди қаллобӣ муттаҳам карда буд. Ҷониби Тоҷикистон ин иттиҳомотро пазируфта, пӯзиш хост. Барои барқарор кардани эътимоди Сандуқи байнулмилалии пул Тоҷикистон гузаронидани аудити Бонки миллии Тоҷикистон, ширкатҳои Барқи Тоҷик ва Талкоро ба зимма гирифт.

Тибқи иттилоъи Сандуқи байнулмилалии пул, аудити Бонки миллии Тоҷикистон ва Барқи Тоҷик ба охир расида, ҳисоботи натиҷаҳояш ҳоло мавриди баррасии ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Аммо аудити ширкати Талко шурӯъ нашудааст ва тендери интихоби ширкати аудиткунанда ҳанӯз идома дорад.

Аксел Шиммелпфениг, сарвари намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон гуфт, ба раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин таҳлили ин ниҳод дар мавриди вазъи иқтисодии ин кишварро низ ироа доштааст. Оқои Шиммелпфеннинг гуфт, захираҳои байнулмилалии Бонки Миллии Тоҷикистон то моҳи октябр ба 181 миллион доллар расидааст, ки пешрафти чашмрас аст. Вай афзуд, пешрафти дигаре, ки соли равон дар иқтисоди Тоҷикистон ба назар мерасад, барзиёд иҷро шудани нақшаи молиёт аст. Намояндаи Сандуқи байнулмилалии пул гуфт, шароити хориҷӣ барои иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2009 хеле мураккаб хоҳанд шуд.

Вай афзуд:

«Ҷиҳати мусбии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон ин хоҳад буд, ки он ба сохтори бонкии кишвар таъсири манфӣ нахоҳад дошт, зеро сохтори бонкии Тоҷикистон мустақим ба сохтори ҷаҳонии молиявӣ робита надорад. Аммо дар кишварҳои асосии коршарики Тоҷикистон суръати рушд коҳиш меёбад. Ин мӯҷиби кам шудани тақозо дар ин кишварҳо мешавад ва Тоҷикистон аз моле, ки ба ин кишварҳо содир мекунад, камтар маблағ ба даст меорад. Ин маънои онро дорад, ки суръати рушд дар Тоҷикистон суст мешавад, на он гуна ки мақомоти Тоҷикистон интизор доранд»

Дар ҳамин ҳол, оқои Шиммелпфенинг мегӯяд, нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ҷаҳон коҳиш меёбад ва ин пастравӣ дар ҳоли ҳозир 30% дарсадро ташкил мекунад. Вай афзуд, ин вазъ ба нафъи мардуми Тоҷикистон хоҳад буд, ки умдатан маводи ғизоиву сӯзишвориро ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG