Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Регар» бар ССКА «Помир» бо ҳисоби 8:0


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар даври 31-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бегоҳи 3-юми ноябр дар майдони худ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 8:0 ғалаба кард.

Дар ин дидор Шуҷоъат Неъматов 3 гол, легионери даста Чарлз Накутии бразилӣ 2 гол, Ҷамшед Исмоилов, Фарҳод Холбеков ва Аскар Равшанов якголӣ ба самар расонданд.

Баъди ин пирӯзӣ «Регар» ТадАЗ бо 68 имтиёз мавқеъашро дар садри ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувор намуд.

Муддаъиёни дигари унвони қаҳрамонӣ - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 62 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 57 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифтаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

26

22

2

2

92-22

68

2.

«Хуҷанд»

27

20

2

5

46-19

62

3.

«Парвоз»

25

18

3

4

55-19

57

4.

«Вахш»

28

17

3

8

44-26

54

5.

«Энергетик»

28

12

3

13

51-42

39

6.

«Тоҷиктелеком»

28

12

1

15

44-50

37

7.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

8.

CСKA «Помир»

30

7

2

21

21-68

23

9.

«Саройкамар»

28

6

5

17

36-58

23

10.

«Гвардия»

29

5

4

20

24-62

19

11.

«Равшан»

27

4

4

19

27-75

16


Беҳтарин голзанҳои мусобиқот: Нӯъмон Ҳакимов («Парвоз»), Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 22-тӯбӣ, Юсуф Рабиев («Вахш»/ «Хуҷанд») – 15.

4-уми ноябр: «Динамо» (Душанбе) - «Энергетик» (Душанбе), «Гвардия» (Душанбе) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров).

XS
SM
MD
LG