Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои гуштии камарбандии Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии камарбандӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд тӯли се рӯз идома кард, бо пирӯзии паҳлавонони вилояти Суғд ба анҷом расид.

Дар дуввумин давраи ин мусобиқот, ки дар маҷмаъаи варзишии «Юбилейний» баргузор шуд, ҳудуди 70 варзишгар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат карданд.

Паҳлавонони вилояти Суғд Имомҳусейн Пираков (Мастчоҳ) дар вазни то 60 кг, Айём Қурбонов (Истаравшан, то 66 кг), Абдулалӣ Сатторов (Истаравшан, то 73 кг), Музаффар Акрамов (Мастчоҳ, то 81 кг), Фурқат Қаландаров (ноҳияи Ҷ. Расулов, то 90 кг), Назир Бердиев (ноҳияи Б. Ғафуров, то 100 кг) ва Толиб Ҳасанов (н. Б. Ғафуров, беш аз 100 кг) ҷойҳои аввалро касб карда, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Сафар Тошмуродов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии камарбандии вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Паҳлавонони тоҷик аз соли 2006 дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаи гуштии камарбандӣ ширкат меварзанд. Дар ин муддат онҳо дар ду сабқати қитъавӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро ҳимоя карда, 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овардаанд. Аз ҷумла Абдулалӣ Сатторов дар мусобиқоти қаҳрамонииОсиё дар шаҳри Кобули Афғонистон дар вазни то 66 кг бо медали тилло мукофотонида шудааст. Инчунин гуштигирони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ ду бор ширкат карда, соҳиби 4 медали биринҷӣ гардидаанд».

XS
SM
MD
LG