Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се даста – муддаъиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Имрӯз – 3-юми ноябр - дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар даври 31-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бо ССКА «Помир»-и Душанбе бозӣ мекунад.

Дастаи «Регар» ТадАЗ пас аз пирӯзӣ дар даври 30-юм дар меҳмонӣ бар рақиби аслиаш - «Хуҷанд»-и Хуҷанд - бо ҳисоби 2:1 мавқеъашро дар садри ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувор намуд. Муддаъии аслии унвони қаҳрамонӣ - «Регар» ТадАЗ - 65 имтиёз ба даст овардааст. «Хуҷанд» бо 62 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Вале «Регар» ТадАЗ ду бозӣ камтар анҷом додааст. Довталаби дигари унвони қаҳрамонӣ - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - бо 57 имтиёз ҷои севумро касб кардааст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

25

21

2

2

84-22

65

2.

«Хуҷанд»

27

20

2

5

46-19

62

3.

«Парвоз»

25

18

3

4

55-19

57

4.

«Вахш»

28

17

3

8

44-26

54

5.

«Энергетик»

28

12

3

13

51-42

39

6.

«Тоҷиктелеком»

28

12

1

15

44-50

37

7.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

8.

CSKA «Помир»

29

7

2

20

21-60

23

9.

«Саройкамар»

28

6

5

17

36-58

23

10.

«Гвардия»

29

5

4

20

24-62

19

11.

«Равшан»

27

4

4

19

27-75

16

Беҳтарин голзанҳои мусобиқот: Нӯъмон Ҳакимов («Парвоз»), Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 22-тӯбӣ, Юсуф Рабиев («Вахш»/ «Хуҷанд») – 15.

4-уми ноябр: «Динамо» (Душанбе) - «Энергетик» (Душанбе), «Гвардия» (Душанбе) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров).

XS
SM
MD
LG