Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Раҳмон дар мавриди амволи ғайримаршрӯъ


Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мардум даъват кардааст, ки то поёни мӯҳлати авф амволи ғайримашрӯъро қонунӣ гардонанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат гуфтааст, дар ҳоле имкони қонунигардонии амволи ғайримашрӯъ фақат якбор ба соҳибмулкон дода шудааст, то ҳануз аксари соҳибмулкон амволи худро қонунӣ накардаанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин дар ҳолест, ки қонун "Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон барои қонунигардонии молу мулк» махфияти молу мулкро кафолат медиҳад.

Ба қавли оқои Раҳмон, токунун бештар аз 14500 шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои авфи моликият муроҷит карда, фақат моликияти ғайримашрӯъи 5300 нафари онҳо қонунӣ эълом кардаанд. Бино ба иттилоъи оқои Раҳмон арзиши молу мулки қонуникардашуда 2 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил додааст.

Ин дар ҳолест, ки парлумони Тоҷикистон мӯҳлати авфи амволи ғайримашрӯъи шаҳрвандонро ба далели соҳибмулкон дар мӯҳлати кӯтоҳ ва ғайрикофӣ ба расмият дароварда натавонистани амволашон, бо хоҳиши раисҷумҳур Раҳмон 4 моҳ қабл то нимсоли дигар, яъне то 1-уми январи соли 2009 тамдид кард.

Порлумони Тоҷикистон Қонун "Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон барои қонунигардонии молу мулк»-ро соли пеш қабул карда буд, ки мӯҳлати расмӣ гардонии моликияти ғайриқонунӣ аз 1-уми январи соли ҷорӣ то -уми-июн идома мекард.

Ба эътиқоди вакили порлумони Тоҷикистон Юсуф Ахмедов, ҳадафи ин қонунро ҷалб намудани молу мулки ғайрирасмӣ ба гардиши расмии иқтисодӣ ва муқаррар кардани соҳибони воқеии онҳо аст. Вай мегӯяд, ин қонун ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши фасод қабул шудааст, ки бар асоси он шаҳрвандон бо ин шарт, ки мавриди таъқиб қарор нахоҳанд гирифт, имкон доранд, ки моликият ва дороии худро эълом бикунанд.

Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, коршиноси масоили ҳуқуқ, мегӯяд, ин қонун аслан ба онҳое марбут аст, ки амвол ва сарвати худро ё дар пайи тиҷорати маводи мухаддир ё бо роҳи фасод ва ришват ғун кардаанд. Оқои Қудратов меафзояд, аз шумори барои авфи моликият муроҷиат кардагон маълум аст, ки аксари соҳибмулкони амволи ғайримашрӯъ дар Тоҷикистон молу мулки худро расмӣ накардаанд. Вай мегуяд ин иқдом ба манфиати онҳоест, ки солҳои зиёд бидуни пардохти ҳар навъ молиёт, бо шеваҳои номашрӯъ сарват гирд овардаанд. Вале аксари ин ашхос монанди вазирону ҳукуматдорон, аз расмӣ кардани моликияти худ худдорӣ мекунаанд.

Шокирҷони Ҳаким, коршиноси дигари тоҷик низ мегуяд, тарсу ҳарос ва адами эътимод ашхоси дороро намегузорад, то моликияти худро ба давлат ифшо созанд.

Дар ҳаминҳол, муроҷиати раисҷумҳур Раҳмон ба кулия шаҳрвандони кишвар бештари мардуми кишварро дар тарсу ҳарос гузоштааст, ки баъд аз анҷоми муҳлати авф онҳоро фаъолият ва олу мулки онҳо мавриди тафтиш қарор мегирад. Беҳзод Саидов як нафар сокини шаҳри Душанбе мегуяд, муроҷиати раисҷумҳур Раҳмон бояд, маҳз ба ҷониби ашхоси сарватманду доро сурат мегирифт то мардум зери тарсу ваҳм намеафтоданд.

Дархости раисҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми кишвар барои қонунигардонии моликияти ғайримашрӯъашон дар ҳолест, ки то анҷоми мӯҳлати авфи моликият 2 моҳи дигар боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG