Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ


31-уми октябр дар Арабистони Саъудӣ мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола оғоз мешавад.

16 дастаи ширкаткунандаи даври ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст.

Дар рӯзи аввали сабқат чаҳор бозӣ барпо мегардад. Дар гурӯҳи «А» Ҷопон бо Яман, Арабистони Саъудӣ бо Эрон, дар гурӯҳи «В» Куриёи Ҷанубӣ бо Сурия ва Ироқ бо Аморати Муттаҳидаи Араб рақобат мекунанд.

Даври аввали бозиҳо дар ду гурӯҳи дигар – «С» ва «D» - 1-уми ноябр баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «С» шомил аст, 1-уми ноябр бо Чин, 3-юми ноябр бо Куриёи Шимолӣ, қаҳрамони Осиё дар соли 2006, ва 5-уми ноябр бо Лубнон бозӣ хоҳад кард.

Дар нахустин даври мусобиқот (1-уми ноябр), инчунин, дар гурӯҳи «С» Куриёи Шимолӣ бо Лубнон, дар гурӯҳи «D» Урдун бо Узбакистон ва Австралиё бо Тайланд рақобат хоҳанд кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 8-уми ноябр баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Чаҳор дастаи ба бозиҳои ниманиҳоӣ (11-уми ноябр) роҳёфта ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақсади мо ба даст овардани роҳхат ба сабқати ҷаҳонӣ мебошад.

Ба ҳайъати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 20 бозигар аз бошгоҳҳои футболи кишвар, инчунин, 3 нафар шогирдони футболи тоҷик – ҳимоятгар Фарҳод Восиев, аз «Сатурн»-и Русия, нимҳимоятгарон Музаффар Фузайлов, аз дастаи «Бухоро»-и Узбакистон ва Нуриддин Давронов, аз «Локомотив»-и Маскав, дохиланд.

XS
SM
MD
LG