Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқот сари оби Осиёи Марказӣ


Зимистони имсол қисмати шарқии Осиёи Марказӣ гармтару баҳорон манотиқи ғарбӣ сербориштар хоҳад шуд, агар тавофуқи дар миёни мақомоти панҷ ҷумҳурӣ дар таърихи 18 октябр ҳосилшуда ба ҳукми иҷро дарояд. Раҳбарони Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Туркманистон ахиран ба тавофуқи бисёр муҳиме дар заминаи тақсими захираҳои обу энержӣ даст ёфтанд.

Решаи мушкил хеле содда аст: Қазоқистону Ӯзбакистон ва Туркманистон дорои захираҳои ғании газу нафт ҳастанд, аммо оби нокофӣ доранд. Қирғизистону Тоҷикистон аз захираҳои энержӣ қариб ки маҳрум ҳастанд, аммо кӯҳҳои ин ҷумҳуриҳо манбаи аслии обҳои минтақа ба шумор меравад.

Феълан, ин ҷумҳуриҳо, манзур кишварҳои маҳрум аз захираҳои энержӣ, дучори мушкилоти зиёд ҳастанд: умеди асосии онҳо ба захираҳои ками газу барқи худ ва бунёди нирӯгоҳҳои обии барқӣ мебошад. Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон ба анҷоми сохтмони нирӯгоҳҳои аслии худ мебанданд ва барои фаъолияти пурраи онҳо захираҳои кофии об лозим аст.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои поёноб - Ӯзбакистону Қазоқистон ва Туркманистон аз ин ду ҷумҳурӣ оби зиёд мехоҳанд, то ки эҳтиёҷоти кишоварзии худро бароварда созанд. Дар айни замон, Тоҷикистону Қирғизистон газро аз Ӯзбакистон ворид мекунанд ва пайваста бо мушкили пардохти қарзи газ ва аз ин хотир, камбуди он азият мешаванд. Гоҳо чунин масдудкуниҳои газ дар мавсими сармо ҳам пеш меояд, тавре зимистони гузашта шуд. Осиёи Марказӣ сардтарин зимистонро дар 40 соли охир таҷриба мекард ва дар ҳамин шароит, маҳдудиятҳо дар интиқоли барқ ҷорӣ шуд.

Имсол мақомоти ҳарду кишвар, аз тарси такроршавии мушкилоти амсоли порсола, аллакай тобистон маҳдудиятҳоро дар таъмини аҳолӣ бо газ ҷорӣ карданд. Бар изофаи ин, интизориҳо аз болоравии мизони об дар обанборҳои нирӯгоҳҳои аслии ин кишварҳо бароварда нашуд ва ҳам Қирғизистону ҳам Тоҷикистон ишора карданд, ки ният доранд аз нирӯгоҳҳои барқии обии худ истифода кунанд.

Умурзоқ Шукеев, муовини нахуствазири Қазоқистон захираи обанбори Тохтагулро 9,5 миллиард метри кубӣ баровард кард, ки дар тамоми таърихи фаъолияташ камтарин нишондод будааст. Ин нишондод нисфи захираҳои маъмулии оби обанборро ташкил медиҳад. Дар сурате, ки Қирғизистон бо ҳаҷми маъмулӣ аз захираҳои он истифода кунад, он то соли нав аз кор хоҳад монд. Тоҷикистонро ҳам айнан ҳамин чиз интизор аст.

Ин ҳамчунон маънои онро хоҳад дошт, ки баҳорон мизони об хеле кам шуда, барои обёрии заминҳои кишти се ҳамсоякишвари дигар нокофӣ мешавад.

Воқеияти мазкур боиси эҷоди танише дар миёни мақомоти ин кишварҳо тобистони имсол шуд, вақте сафарҳои пай дар пайи ҳайъатҳо барои мулоқот ва баррасии ин масоил қариб бенатиҷа анҷомид.

Қирғизистон ишора кард, ки мехоҳад захираҳои оби вай чун мол, мисли газу нафти содиротӣ арзёбӣ шавад. Ӯзбакистон инро шадидан рад кард.

Аммо ҳоло, ҳамаи панҷ кишвар ба тавофуқе даст ёфтанд, ки ба ин ҳама баҳсҳо нуқта мегузорад. Тибқи созиши ҳосилшуда, кишварҳои ғанӣ аз энержии минтақа бояд ба ҳамсоякишварҳои маҳрум аз чунин сарваташон захираҳои энержӣ дода, ва бар иваз кафолати содироти обро ба даст оваранд. Туркманистон, масалан, муваззаф мешавад, ки ба Тоҷикистону Қирғизистон нерӯи барқ содир кунад. Ӯзбакистон масъулияти интиқоли ин барқро ба дӯши худ гирифт.

Тибқи ин қарордод, Ӯзбакистон масъулиятҳои дигарро низ ба дӯш гирифтааст. Агар Ӯзбакистон Қазоқистону Қирғизистонро бо 150 миллион метри кубӣ газ таъмин кунад, ба иловаи ҳаҷми газе, ки то имрӯз фурӯхта мешавад, Қазоқистон ба Қирғизистон мазут ва ангишт хоҳад дод.

Дар сурати ба иҷро даромадани ҳамаи ин ва дигар тааҳҳудоти раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ин масъала як пешравии ҷиддие дар самти ҳалли мушкилоти доғи минтақаӣ хоҳад шуд. Ҳарчанд созишномаи мазкур танҳо марҳилаи яксола, яъне солҳои 2008 то 2009-ро дар бар мегирад.

Камол Нуралиев, муовини вазири мелиоратсия ва захоири оби Тоҷикистон, гуфт, феълан, Анвар Зоиров, муовини дигари вазири мелиоратсия ва захоири оби Тоҷикистон ҷиҳати идомаи гуфтушунид, бар сари иҷрои тавофуқоти бадастомадаи истифодаи захоири оби Осиёи Марказӣ вориди Тошканди Ӯзбакистон шудааст.

Оқои Нуралиев иттилоъ дод, ки ахиран, пас аз шаш даври гуфтушуниди кишварҳои Осиёи Марказӣ бар сари истифодаи захоири оби минтақа дар нишасти сарони кишварҳои узви иттиҳодияи Авруосиё дар нимаи аввали моҳи ҷорӣ дар Бишкек, тавофуқ ҳосил шуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон оби обанбори худро захира ва ба меъёри зарурӣ ба кишварҳои поёноб интиқол дода, бар иваз кишварҳои поёноби Туркманистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ва Қирғистон дар фасли сармо нерӯи барқ медиҳанд ва инчунин дар тармими обанборҳо кӯмаки фаннӣ мекунанд.

Оқои Нуралиев ҳамчунин афзуд, ҷониби Ӯзбакистон дар солҳои гузашта барои интиқоли об аз обанбори Қайроққум ба ҷониби Тоҷикистон кӯмакҳои ночизе дошт, аммо дар соли ҷорӣ ин кӯмакҳо ба маротиб камтар шуд ва нигаронии ҷониби Тоҷикистонро афзуд.

XS
SM
MD
LG