Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ медали паҳлавонони тоҷик дар Минск


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни устодон дар шаҳри Минск 5 медал - 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Сардовари ин мусобиқот Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, саб-қати ҷаҳонӣ дар пойтахти Беларус бо ширкати беш аз 250 варзишгар аз 20 кишвар тӯли чаҳор рӯз идома кард.

Паҳлавони тоҷик Икром Ашӯров дар вазни то 74 кг байни устодони аз 55 то 59-сола ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт. Хушназар Навбаҳоров дар ин вазн байни устодони аз 40 то 44-сола ҷои дуввумро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Абдусамад Шамсуллоев дар вазни то 74 кг байни устодони аз 45 то 49-сола, Маҳмадшариф Сулаймонов дар вазни то 90 кг байни устодони аз 55 то 59-сола ва Шариф Мазориев дар вазни то 100 кг миёни устодони аз 50 то 54-сола соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

XS
SM
MD
LG