Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари нави САҲА дар Душанбе


Дар Душанбе расми ифтитоҳи бинои нави намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор шуд.

Дар расми ифтитоҳи офиси нави ин намояндагӣ, ки дар тобистони соли ҷорӣ ҳузури он дар Тоҷикистон тамдид шуд, раҳбари маркази ҷилавгирӣ аз низоъҳои Котиботи САҲА дар Вена Ҳерберт Залбер ширкат дошт ва гуфт, боз шудани бинои нави ин офис дар Душанбе далели омодагии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои бозтар ва васеътар бо САҲА аст. Ҳамчунин, намояндагони мақомоти ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин маросим аз нақши САҲА дар анҷоми тарҳҳое ҷиҳати амнияти кишвар номбар карданд.

Ҳерберт Залбер, раҳбари маркази ҷилавгирӣ аз низоъҳои Котиботи САҲА дар Вена, ки дар расми ифтитоҳи бинои нави намояндагиии ин созмон дар Душанбе суханронӣ мекард, шеваи ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон дар ин авохирро қобили қабул ва ба гунаи мусбат унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, қаблан дар равобити САҲА бо Тоҷикистон мушкилоте вуҷуд дошт, аз ҷумла дар кадом самт фаъолият бурдани созмон дар ин кишвар. Вале, ба қавли оқои Залбер, феълан, ин мушкилот рафъ шуда ва тамдиди фаъолияти намояндагии САҲА дар Тоҷикистон далели таҳкими ҳамкориҳо дар самти нав аст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо арҷгузорӣ аз фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон ҳамкории кишвар бо ин созмонро муассир ва ҳасана унвон карданд. Абдулло Юлдошев, муовини вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, табдили маркази намояндагии САҲА дар Душанбе ба дафтари намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон шурӯъи марҳилаи нави ҳамкориҳо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Тоҷикистон аст.

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҳудуди 15 сол бар ин сӯ аст, ки фаъолият дорад ва дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, беҳдоштӣ ва муҳитзистӣ барномаҳоеро анҷом ва сармоягузорӣ кардааст. Мавқеи дафтари нави намояндаии САҲА дар Тоҷикистон аз бузургтарин сохтмони созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, пас аз сафорати ИМА дар Душанбе аст ва дар ҳудуди 2 ҳектор марз дорад. Қаблан ин сохтмон як кӯдакистон буда ва пас аз хусусӣ шудан, аз сӯи САҲА ба иҷора гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG