Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо ба СММ шикоят мебаранд


Раҳматулло Валиев, муъовини раиси Ҳизби демократ, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров
Раҳматулло Валиев, муъовини раиси Ҳизби демократ, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, тасмим дорад, дар робита ба дахолати давлат ба ин ҳизб ба СММ муроҷиъат кунад.

Иддаову кашмакашҳои гурӯҳҳо ва ҷиноҳҳо дар Ҳизби демократи Тоҷикистон собиқаи беш аз 15-сола дорад. Далели иддаоҳои ахир дар дохили ин ҳизб ба иддаоҳои теъдоде аз аъзои ин ҳизб рабт дорад, ки худро ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров медонанд. Ва раёсати шинохтаи ин ҳизб аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон аз чанд сол бад-ин сӯро намепазиранд. Онҳо мегӯянд, ки ин ҳизб бо дахолати давлат ба далели заъиф кардан ва канор гузоштан аз саҳнаи сиёсӣ қисмат шудааст.

Раҳматулло Валиев, ки худро муъовини раиси Ҳизби демократ, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров медонад, дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ далели аслии, ба қавли вай, дахолати ҳукумат ба сохтори ин ҳизб дар гузашта қабл ҳини интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистонро чунин тавзеҳ дод:

«Ҳизби демократ нисбат ба дигар аҳзоб дар робита ба фаъолияти давлат масрафи кӯмакҳои молӣ, сиёсати кадрӣ ва фасод мавқеъи шадидтаре дошт. Ва ба ин далел ин ҳизб ба давлат хуш наомад. Онро қисмат карданд».

Раҳматулло Валиев гуфт, ки маҳз бо ибтикори давлат дар як анҷумани, ба қавли вай, ғайриқонунӣ Масъуд Собиров ба унвони раиси Ҳизби демократ пазируфта шуд, ки аз он рӯз то бад-ин сӯ фаъол нест. Вай гуфт, «аз марому мақсади ин анҷуман ва ҳукумат соири созмонҳои байнулмилалӣ ва сафоратҳо кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон огоҳӣ доранд».

Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи аз сӯи вазорати адлия шинохташуда

Аммо Масъуд Собиров, раиси феълии Ҳизби демократ, ки аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон пазируфта шудааст, ин иддаоҳои Раҳматулло Валиевро намепазирад. Вай дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ гуфт, «давлат дар парокандагии Ҳизби демократ даст надорад. Ман раёсати ин ҳизбро аз ҳукумат нагирифтаам, балки аъзои ҳизб маро ба ин симмат дар анҷуман баргузидаанд ва агар шахсияти ман ба Раҳматулло Валиев ва пайравони вай хушоянд набошад, пас биёянд як анҷумани тозаеро баргузор кунем ва ман қабл аз ин анҷуман аз раёсати ҳизб канор меравам ва дар баробари номзадҳои пешниҳодии онҳо ман низ барои раҳбарии ин ҳизб мубориза мекунам. Агар интихоб нашудам, бо ин ҳизб ва дар канори онҳо фаъолият хоҳам кард».

Аммо Абдулғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари сиёсӣ, дахолати давлат дар фаъолияти Ҳизби демократиро рад накард. Оқои Маҳмадазимов гуфт, «клон, ё дугоник кардани аҳзоб дар Тоҷикистон маъмул шудааст ва аз сӯи вазорати адлия ба унвони раиси Ҳизби демократ пазируфтани ҷиноҳи Масъуд Собиров маънои онро дорад, ки ҳукумат талош кардааст, бо ин роҳ Ҳизби демократро заъиф кунад».

Ба эътиқоди Абдулғанӣ Маҳмадназаров, ин талоши давлат паёмади хушеро ба дунбол надорад. Ба ин далел, ки ин иқдом марому назми ҷомеъаи дунявиро халалдор мекунад. Ҳизби наҳзати ислом ва Ҳизби демократ ду ҳалқаи як занҷири мухолифони давлати Тоҷикистон буданд. Ҳизби демократ, ки мароми ҷомеъаи дунявиро дошт, заъиф карда шуд ва баръакс Ҳизби наҳзати ислом тақвият ёфт. Вай афзуд, ба далели халалдор шудани ҳамин тавозун, ё баланс аст, ки давлат дар ҳоли ҳозир мухолифони сарсахти мазҳабии зиёде, аз қабили «Салафия, «Байъат», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва ғайраро ба саҳна овардааст, ки барои ин ҷумҳурӣ дардисари тозае эҷод кардааст.

Иддаъои дигари, ба қавли Раҳматулло Валиев, ҷиноҳи Маҳмудрӯзӣ Искандарови Ҳизби демократ, ин аст, ки раиси ин ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар гузашта бо парвандаи сохта аз сӯи ҳукумат ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст ва, ба гуфтаи ӯ, ин парванда ангезаи сиёсӣ дорад. Ба ин далел, ки ин парванда алайҳи М. Искандаров дар замоне боз шуд, ки вай худро муддаӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG