«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар меҳмонӣ «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар сафар «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. CSKA «Помир»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст овард.
Дар ҳамин ҳол «Хуҷанд» бо 59 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ бо 56 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Вале «Регар» ТадАЗ се бозӣ камтар анҷом додааст. «Парвоз» бо 54 имтиёз ҷои севумро касб кардааст.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1. | «Хуҷанд» | 25 | 19 | 2 | 4 | 42-17 | 59 |
2. | «Регар» ТадАЗ | 22 | 18 | 2 | 2 | 78-20 | 56 |
3. | «Парвоз» | 23 | 17 | 3 | 3 | 53-18 | 54 |
4. | «Вахш» | 25 | 16 | 3 | 6 | 43-20 | 51 |
5. | «Динамо» | 24 | 10 | 5 | 9 | 35-34 | 35 |
6. | «Тоҷиктелеком» | 26 | 11 | 1 | 14 | 42-47 | 34 |
7. | «Энергетик» | 25 | 10 | 3 | 12 | 40-39 | 33 |
8. | CSKA «Помир» | 28 | 7 | 2 | 19 | 21-59 | 23 |
9. | «Саройкамар» | 26 | 6 | 4 | 16 | 34-54 | 22 |
10. | «Гвардия» | 28 | 5 | 3 | 20 | 23-61 | 18 |
11. | «Равшан» | 24 | 4 | 2 | 18 | 24-66 | 14 |
Дар даври 28-уми мусобиқот, ки 18-уми октябр баргузор мешавад, «Энергетик» бо «Равшан», «Вахш» бо «Хуҷанд», «Тоҷиктелеком» бо «Парвоз» ва «Регар» ТадАЗ бо «Саройкамар» бозӣ хоҳанд кард.