Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Саройкамар» бар «Вахш»


Бозии охирини даври 26-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи «Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳоро Далер Тухтасунов («Вахш», дақиқаи 17-ум), Акмал Авазов (36) ва Парвиз Саъдиев (63) ба самар расонданд.

Дар ҳамин ҳол «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 56 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 53 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Вале «Регар» ТадАЗ се бозӣ камтар анҷом додааст.

Муддаъиёни дигари унвони қаҳрамонӣ - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - 51-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Парвоз» ҷои севум ва «Вахш» ҷои чаҳорумро касб кардаанд. Инчунин «Парвоз» 2 бозӣ камтар кардааст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

24

18

2

4

40-16

56

2.

«Регар» ТадАЗ

21

17

2

2

75-20

53

3.

«Парвоз»

22

16

3

3

52-18

51

4.

«Вахш»

24

16

3

5

43-19

51

5.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

6.

«Тоҷиктелеком»

25

11

1

13

41-45

34

7.

«Энергетик»

25

10

3

12

40-39

33

8.

«Саройкамар»

26

6

4

16

34-54

22

9.

CSKA «Помир»

27

6

2

19

18-58

20

10.

«Гвардия»

27

5

3

19

23-58

18

11.

«Равшан»

23

4

2

17

23-63

14

Беҳтарин голзанҳои мусобиқот: Нӯъмон Ҳакимов («Парвоз») – 19 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 16, Юсуф Рабиев («Вахш»/”Хуҷанд») – 13, Шодибек Ғаффоров («Саройкамар») – 11.

Дар даври 27-уми мусобиқот 15-уми октябр CSKA «Помир» - «Равшан», «Вахш» - «Парвоз», «Регар» ТадАЗ - «Гвардия», «Тоҷиктелеком» - «Хуҷанд» бозӣ хоҳанд кард. Бозии «Динамо» - «Саройкамар» ба мӯҳлати дер гузаронида шудааст.

XS
SM
MD
LG