Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот беш аз 500 варзишгар аз 35 кишвар ширкат карданд.
Паҳлавони навраси тоҷик Акмолиддин Каримов дар вазни то 48 кг ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт. Айниддин Қурбонов дар ин вазн байни ҷавонон ҷои дувумро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Файзиддин Абдуллоев дар вазни то 70 кг байни наврасон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Инчунин Сулаймон Сулаймонов дар вазни то 74 кг байни ҷавонон ва Рашид Раҳимов дар вазни то 75 кг миёни наврасон медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар ҳисоби дастаӣ Русия бо касби 28 медал, аз ҷумла 16 тилло ғолиб шуд. Дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ҷои дуввум ва Беларус ҷои севумро касб карданд. Тоҷикистон дар ҷои 6-ум қарор гирифт.
Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ, дар пойтахти Узбакистон, инчунин, мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии самбо байни наврасону ҷавонон ва бузургсолон доир гардид.
Дар ин мусобиқот паҳлавонони тоҷик 17 медал - 1 тилло, 1 нуқра ва 15 нишони биринҷӣ ба даст оварданд.
Сайёд Шайхов дар вазни то 65 кг байни наврасон пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид. Шаҳрзод Рамазонов дар вазни то 81 кг байни наврасон ҷои дуввумро касб кард.
Дар сабқати наврасон Айниддин Каримов (то 52 кг), Рашид Раҳимов (то 75 кг) ва Нусратуллоҳи Рамз (то 87 кг) ҷойҳои севвумро азони худ карданд.
Дар сабқати ҷавонон Маъмур Ӯғлӣ Фирдавс (то 48 кг), Лутфуллоҳ Розиқов (то 57 кг), Худоёр Худоёров (то 90 кг), Хуршед Назаров (то 100 кг) ва Фирӯз Алиев (беш аз 100 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Мадина Шамсиева байни духтарони то 16-сола дар вазни то 70 кг дар ҷои севум қарор гирифт.
Дар сабқати бузургсолон Эраҷ Раҳимов (то 52 кг), Миралӣ Муҳибуллоев (то 57 кг), Далер Мусофиров (то 62 кг), Санҷар Сарфарозов (то 82 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (беш аз 100 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин дар сабқати занон Дилбархон Султонова дар вазни то 68 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.