Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳтисаарӣ барои ҷавонони тоҷик ҷои кор меҷӯяд


Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, Мартӣ Аҳтисаарӣ гуфт, аз ин пас вақти зиёди худро барои офаридани ҷойҳои корӣ дар Осиё ва Ховари Миёна сарф хоҳад кард, то ҷавонони бекор ба доми террористон ва унсурҳои ҷиноӣ наафтанд.

Мартӣ Аҳтисаарӣ гуфт, тайи даҳ соли оянда ба бозорҳои кории ин минтақа тақрибан 1 миллиарду 200 миллион ҷавонону наврасони аз 15 то 30 – сола ворид мешаванд, вале ҳоло бозор танҳо қудрати пазируфтани то 300 миллион нафар коргари ҷавонро дорад.

Мартӣ Аҳтисаарӣ баъди барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълом шуданаш гуфт, «агар ҳоло имкони таъмини 300 миллион нафар бо корро дорем, пас бо як миллиард нафари онҳо чӣ бояд кунем, ба онҳо умед медиҳем, ё мегузорем, ки роҳзанҳову терористон онҳоро ба сарбозии худ бигиранд.»

Мартӣ Аҳтисаарӣ гуфт, ӯ ба ҳайъати як созмони «Силатек» дар Қатар шомил шудааст, ки барои тарбияву омӯзиши ҷавонони Ховари Миёна ва Африқо кор мекунад ва тазмин медиҳад, ки баъди таҳсил онҳо коре барои худ пайдо намоянд. Созмони “Силатек” дар сомонаи интернетии худ мегӯяд, ҳадафаш бо таъсиси ҷойҳои корӣ барои ҷавонон кӯмак дар тавонманд кардани насли ҷавон ва ҳамоиши онҳо бо ҷомеа мебошад.

Кишварҳои арабӣ дар ҷаҳон мизони баланди бекориро доранд. Мартӣ Аҳтисаарӣ мегӯяд, кӯмак дар таъсиси ҷойҳои корӣ барои ҷавонон як роҳе барои ҷилавгирӣ аз муноқишаҳо аст ва ӯ вақти зиёди зиндагиашро дар ин росто сарф хоҳад кард.

Ҳоло 85 дар сади ҷавонон дар кишварҳои дар ҳоли рушд зиндагӣ карда ва назар ба бузургсолон се маротиба бештар шанси ба кор пазируфта шуданро доранд.

Дар Тоҷикистон, ки бекории фарогир гиребонгири он аст, аксарияти бекорон ҷавонон ҳастанд ва ҳар сол ба бозори кории он бештар аз 100 ҳазор нафар ҷавон ворид мешавад. Тавре медонем, бисёре аз ҷавонони кишвар барои пайдо кардани кор ба Русия мераванд ва ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ муҳоҷирати корӣ барои Тоҷикистони кӯчак як фурӯкашандаи шиддати иҷтимоӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG