Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ барномаи ҳастаиро аз сар мегирад


Кореяи Шимолӣ, Йонгбиюн
Кореяи Шимолӣ, Йонгбиюн

Кореяи Шимолӣ эълом намуд, ки қасд дорад аз қарордоди байнулмилалии қатъи фаъъолияти ҳастаӣ хориҷ шавад.

Ин кишвар тасмим гирифтааст, акнун таъсисоти ҳастаиеро, ки дар он бомбаи атомӣ сохта буд, дубора ба кор дарорад.

Дар ҳамин ҳол, Ожонси байнулмилалии энержии атомии СММ бо пахши як баёния хабаро додааст, ки Пхенян раванди тахриби фаъъолияти корхонаи аслии ҳастаиашро қатъ карда, нозирони байнулмилалиро аз бинои реактори Ёнгбиён пурра берун кардааст.

Пхенян мақомоти Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаиро хабар додааст, ки бозрасони ба Ёнгбиён дастрасии мустақим ва фаврӣ доштанд, дигар ба ин корхона роҳ дода намешаванд. Пхенян ҳамчунин эълом намуд, ки раванди тахриби кори реактор қатъ шудааст.

Моҳи гузашта Кореяи Шимолӣ муҳрҳои ожонсиро аз таассисоташ дар Ёнгбиён бардошт ва эълом кард, ки қасд дорад барномаи ҳастаиашро аз сар бигирад. Бо вуҷуди ин дипломатҳои кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки фурсат ҳоло аз даст нарафтааст ва имкон дорад аз тариқи гуфтушунид мавқеъи Пхенянро тағйир дод. Ин иқдоми Кореяи Шимолиро дар ожонсии мазкур “кӯшише барои ба даст овардани имтиёзҳои бештар” унвон карда, чунин меҳисобад, ки Пхенян барои дубора фаъъол намудани таассисоти ҳастаиаш ҳадди ақалл ба як соли дигар ниёз дорад.

Ҳамин тавр, сухангӯи департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак гуфт, ки иқдоми Кореяи Шимолӣ таассуфовар аммо қобили ислоҳ аст ва ӯ фикр намекунад, ки бо ин изҳороти Пхенян тавофуқи дар гуфтушунудҳои шашҷониба ба даст омада лағв шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Кореяи Шимолӣ ба ҳамсоякишвараш Кореяи Ҷанубӣ ҳушдор додааст киштиҳои низомиаш вориди ҳарими обии Пхенян нашаванд. Дар баробари ин Пхенян таҳдид кардааст, ки дар акси ҳол алайҳи Сеул ҷанг эълон хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки низомиёни Кореяи Шимолӣ ба як ҷазираи баҳcӣ дар марзҳои обии ду кишвар барои анҷоми озмоишҳо як теъдод мушак интиқол додаанд.

Созишномаи қатъи барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар натиҷаи гуфтушунидҳои шашҷониба бо иштироки Ҷопон, Русия, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ба имзо расида буд. Тибқи ин тавофуқ, қарор буд, Кореяи Шимолӣ дар ивази як маҷмӯъи кумакҳои иқтисодӣ ва имтиёзҳои сёсиву дипломатӣ, аз ҷумла баровардани номи он аз феҳрасти кишварҳои пуштибони терроризм, барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияшро қатъ ва реакторҳои ҳастаии худро тахриб кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вошингтон бо сабаби иҷро нашудани ҳамаи бандҳои созишнома аз ҷониби Пхенян исми ин кишварро аз феҳрасти мазкур набаровард. Дар посух Кореяи Шимолӣ низ изҳор дошт, ки барномаҳои ҳастаиашро аз сар мегирад.

Ҷон Болтон, собиқ сафири Амрико дар СММ ва аз мунаққидони ба гуфтаи вай “бархурди нарм” бо Пхенян гуфт: иқдоми ахири Кореяи Шимолӣ бори дигар тасдиқ мекунад, ки роҳи дипломатии ҳалли ин мушкил ноком шудааст ва ин кишварро набояд аз феҳрасти ҳомиёни терроризм ихтисор кард.

XS
SM
MD
LG