Тоҷикистон дар ин феҳрист 1 зина поин шуда, ба радифи 155-ум фуромад ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (70-ум), Қирғизистон (127-ум), Қазоқистон (131-ум) ва пеш аз Туркманистон (158-ум) ҷойгир шудааст. Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ Тоҷикистон дар зинаи пешазохирин - 14-ум - қарор дорад.
Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 3 зина болотар - ба радифи 9-ум баромад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 19-ум мебошад. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар «феҳристи худӣ» ва мутаносибан феҳристи FIFA чунин аст: 3. Литва (37). 4. Беларус (59). 5. Латвия (64). 6. Молдова (65). 7. Узбакистон (70). 8. Гурҷистон (97). 9. Арманистон (101). 10. Қирғизистон (127). 11. Қазоқистон (131). 12. Эстония (137). 13. Озарбойҷон (143). 14. Тоҷикистон (155). 15. Туркманистон (158).
Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразилия, Ҳуланд, Хорватия, Аргентина, Ҷумҳурии Чех, Русия ва Португалия ҷойгир шудаанд.
Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Ҷопон (32), Австралия (34), Эрон (48), Арабистони Саъудӣ (51), Куриёи Ҷанубӣ (55), Узбакистон (70), Баҳрайн (72), Ироқ (77), Қатар (78) ва Уммон (94).
Чугрофи нагу. Бгу ки пешвом намехоха ки арзону сурьат бланд шава
Ин машқҳо бо маслиҳати Путин шудаги. Имрӯз дар сартосари Россия митингҳо шуда гузаштаистодаанд. Путин ба ҳама братанҳои снгаш гуфтаги, ки насли чие ба ман умед накунед. Инҳо ҳам аз тарси митингҳо машқро ниҳон дода истодаанд. Локин як чиз хаст, агар мардум хезад ин хел саду ду сад намехезад, ҳазор ҳазор мехезад ва он дубинкаву шитҳоятон шуморо аз ғазаби мардум наҷот намедиҳад.
Пулхои ба афшор баровардаро бар гардонед мухтарам хукуматдорхо, дигар талбидани намере пеш бонкхо,ба мухлати то шаш мох гирифтаи хукуматдорхо проценти карз боз меафзояд,онхо амакбачай шумо нестан.
Ракобат нест пешравихам намешавад куххо бахона, Чи дар дигар давлатхо кух нест айб аст мо дар асри 21 хастем.
Бо пулимет вазифаро гирифтам гуфта , 30 соли дигар бо тири пулемёт тарсондан мегиред халқа? Ба ҷои зулму дубинкашап кардани мардуми бечора , беҳтару осонтар аст ба халқ кор ва шароити зиндагии арзанда (свет, об, дорувори,хурокаи дастрас) диҳед эй ҳукуматиҳои Тоҷикистон. Аққалан барои хотири тинҷии мансаби худатон то фасли тобистон зулму дуздиву фасодро накунед . Адолат намондааст тамоман, ин хел то куҷо меравед?