Ин дафъа баъди пахши ахбори муҳимми илмӣ ва ҷолиби фанноварӣ ба эҳтимолияти вуқӯъи заминларза дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, суҳбатеро якҷо хоҳем шунид. Албатта, тақдими ҷоизаи Нобел дар бахши улумро низ фаромӯш накардаем ва дар ин маҷалла доир ба соҳибони ҷоизаи бахши физика бароятон гузориш хоҳем дод.
Ҳатман заминларзаи ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистонро эҳсос кардед, ки дар Душанбе чаҳор дараҷа ва дар Хоруғ панҷ баллро ташкил дод. Дар Қирғизистон ин заминларза даҳҳо нафарро гирифтори мусибат кард, ки дар як рустои кӯҳии ин кишвар хонаҳо ба хок яксон ва даҳҳо нафар кушта шуданд. Дар робита ба вуқӯъи заминларзаҳо, ки таййи солҳои ахир дар Осиёи Марказӣ бештар мушоҳида шудаанд, бо муовини раиси Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Фаршед Каримов гуфтугӯе доштам ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки эҳтимолияти такрори заминларзаҳои фалокатбор дар минтақа то чи ҳад зиёд аст.
Фаршед Каримов : «Умуман минтақаи Осиёи Марказӣ як минтақаи зизилахезтарини ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар инҷо ҳар замон метавонад заминларза ба вуқӯъ пайвандад аз ҷумла заминларзаҳои фалокатбор. Мо медонем, ки заминларза дар куҷо дар кадом маҳаллҳо ва чӣ нерӯе метавонад ба вуқӯъ пайвандад вале ташхиси замони вуқӯъи заминларзаҳои муайян яке аз вазифаҳои сахту мушкилтарини илми зилзилашиносӣ ва геофизика аст. Аз ин хотир пешгӯии замони заминларзаҳо дар таърихи илми сейсмология ангуштшуморанд. Доир ба эҳтимолияти вуқӯъи заминларза дар минтақа гуфтан душвор аст, чун онҳо пешгӯи нашавандаанд ва аз ин рӯз ҳар вақт дар инҷо метавонад заминларзаҳои сахт ба вуқӯъ пайвандад».
– Дар илми сейсмология ва ё зилзилашиносӣ ибораи манотиқи дорои сарчашмаҳои зилзилахез истифода мешавад, ва Тоҷикистон низ чунин минтақаҳо ҷудо шудааст. Дуруст аст?
– Бале. Онҳоро зона ва ё қитъаҳои сейсмикӣ меномем. Масалан дар Тоҷикистон се қитъае ҳаст, ки онҳо мо аз рӯи ҷадвали 13 дараҷаӣ ба 7 8 ва 9 дараҷаӣ тақсим шудаанд. Мо ин қитъаҳоро дақиқ нақшабандӣ кардаем ва ин натиҷаи таҷриба ва мушоҳидаи бештар аз 50 сола дар Тоҷикистон аст. Ин нақшаҳо ҳастанд ва ҳукми қонунро доранд, ва онро тамоми ширкатҳои хонасозӣ истифода мебаранд. Яъне пеш аз сохтани ягон иншоот, махсусан иншоъоти бузург ва ё муҳим ҳатман ба он нақшаҳо нигоҳ мекунанд ва баъдан навъи сохтмон ва ё маҳсулоти сохтмонӣ, табақа ва ғайраро интихоб мекунанд. Ин қитъаҳо аз рӯи хат ҷудо мешаванд, масалан Ҳисору Душанбе, Ҷиргатол Ғарм ва бахши шарқии Помири Марказӣ дар қитъаи 9 дараҷаӣ мебошанд. Масалан вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд қитъаи 8 дараҷаӣ ва ҷануб масалан Қӯрғонтеппа қитъаи 7 дараҷаӣ аст. Ва дар нақшаи ин қитъаҳо нишон дода шудааст, ки заминларзаҳо дар куҷо ва бо кадом нерӯ ва дар кадом давраҳо метавонанд ба вуқӯъ пайванданд.
– Ҳоло дар Тоҷикистон бунёди хонаву манзилҳо зиёд ба назар мерасад, то кадом андоза ин нақшаи воқеъан муҳим истифода мешавад?
– Тавре ман гуфтам, иҷрои муқаррароти сохтмон дар минтақаҳои зилзилахез бар асоси қонун ҳатмист ва нақзи муқаррарот ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҳам дорад. Вале бояд иқрор кард, ки на дар ҳамаҷо бар асоси меъёрҳои муқарраршуда сохтмон сурат мегирад, аз ҷумла деворҳои хонаҳои сохташударо тағйир медиҳанд, бе назардошти меъёрҳои тобоварӣ ба заминларза бунёд мекунанд ва ё хонаҳоро аз маҳсулоти сохтмонии маҳаллӣ ва бе такягоҳҳо месозанд ва мутаасифона чунин мавридҳо кам нестанд.
Вале ҳоло нишонаҳое ҳастанд, ки олимон дар оянда дар ниҳоят хоҳанд тавонист, ки замони вуқӯъи заминларзаро масалан тавре вазъи ҳаворо пешгӯӣ мекунанд, пешгӯӣ намоянд.
Дар даҳсолаҳои ахир мо ба натиҷаҳои бисёр бузург ва хубе ноил шудем. Мо модели омода шудани заминларзаро медонем. Ва ин моделҳо заминае хубе барои пешгӯии заминларзаҳо метавонанд бошанд ва агар таҷҳизоти хуби муосиру ҳассос бошад, метавон мушоҳида кард, ки чӣ гуна замин барои такон хӯрдан омода мешавад. Заминларза падидаи ногаҳонӣ нест, ин ҷараёнест, ки дар замон ва вақт идома мекунад. Аз ин рӯ сохтани моделҳо ва шабакаҳои мушоҳида заминаи хубе барои пешгӯии заминларза мешавад. Чунин моделҳоро асосан бар асоси мушоҳидаҳо сейсмикӣ дар қаламрави Тоҷикистон таҳия кардаанд. Заминларза зуҳуротест, ки нишонаҳои он аз пеш зоҳир мешаванд, масалан заминларза ҳар қадар қавӣ бошад, омодагӣ дарозтар мешавад, зуҳуроти ғайримуқаррарии геофизикӣ дар табақаҳои замин ба вуқӯъ мепайвандад. Мо ин зуҳуротро аломатҳои заминларза меномем ва бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ садҳо аломатҳои вуқӯъи заминларза маълум аст. Ҳамин аломатҳо асос барои моделсозӣ ва пешгӯии заминларза мешаванд. Аммо то замоне, ки олимон қодир нестанд, заминларзаро пешгӯӣ кунанд, чӣ бояд кард, то талафот дар заминларзаҳо ба ҳадди ниҳохӣ кам шавад.
Талаботи аввалин ин меъёру муқаррароти сохтмон дар қитъаҳои зилзилахезро бояд риоя кунем. Яъне агар бино дар маҳалли бехатар ва бо меъёрҳои тобоварӣ ба заминларза сохта шавад, дар ин сурат заминларза хатари ҷиддие надорад ва паёмадҳои манфии он ба ҳадди аққал кам мешавад. Яъне меъёри аввал сохтани хонаҳо бо назардошти меъёрҳост ва дуввум зарур аст, то аҳолӣ ва мақомоти марбута шеваҳои рафтор дар вақти заминларза ва омодагӣ ба заминларзаро бидонанд. Ин як чизи бисёр муҳим барои коҳиши пайомадҳои манфии заминларза аст.
– Ва охирин суъол ин аст, ки мардуми одӣ ба аломатҳои содаи баёнгари заминларза бовар мекунанд ва мегӯянд, ки ҳайвонот пеш аз вуқӯъи зилзила рафтори ғайримуқаррарӣ мекунанд. Ва дар китобҳои қадима низ доир ба рафтори ғайримуқаррарии ҷондорҳо пеш аз заминларза ва дигар ҳодисаҳои табиӣ навиштаҳое ҳам ҳаст. Шумо ба ин аломатҳои биологӣ чи назар доред?
– Баъзе аз ҳайвонот тағйирот дар майдонҳои геофизикиро эҳсос мекунанд, на ҳамаи онҳо. Дар воқеъ илм исбот кардааст, ки баъзе аз ҳайвонот заминларзаро эҳсос мекунанд, масалан як 20 сол пеш дар заминларзаи Газлӣ дар Ӯзбакистон тамоми кӯршапаракҳо се рӯз пеш маркази заминларза тарк кардаанд. Кӯршабпаракҳо бо ултрасадо роҳ меёбанд, яъне аз сарчашмаи заминларза ултрасадоро эҳсос кардаанд. Дар заминларзаи Спитак дар Арманистон дар соли 1988 заминларза тақрибан соати 6 7 ба вуқӯъ пайваст, ва пеш аз ин занбӯрҳо аз лонаҳояшон фирор кардаанд, ки падидаи ғайримуқаррарӣ дар зимистон аст. Дар ноҳияи Ҳисор 23-вуми январи соли 1989 низ сокинони минтақа рафтори ғайримуқаррарии ҳайвонот ва безобитагии аз ҷумла асп ва сагҳоро мушоҳида кардаанд. Ҳамингуна чунин намунаҳо дар таърих ва таҷрибаи ҷаҳонӣ мушоҳида шудаанд ва инро аломатҳои биологии пеш аз заминларза меноманд, вале ин бахш бояд дурусттар омӯхта шавад, то ки дар амал мавриди истифода қарор бигирад.
Барои комилан шунидани барнома, лутфан, ишораи «Бишнавед» (дар тарафи рости болоӣ)-ро пахш кунед.