Баҳси ду рақиб аз масоили марбут ба бӯҳрони молӣ оғоз ёфт. Байден бо ишора ба изҳороти моҳи гузаштаи номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ Ҷон МакКейн, ки гуфта буд, бунёди иқтисоди Амрико қавист, ӯро дар надонистани иқтисоди Амрико муттаҳам кард: "Ин ба маънии одами бад будани Ҷон МакКейн нест, балки нишон медиҳад, ки ӯ дар ҷараёни масоил қарор надорад.”
Сара Пейлин дар посух бо ишора ба 35 сол собиқаи фаъолияти Ҷо Байден дар Конгресс гуфтааст, Кохи Сафед ба шахсиятҳои ҷадид ва ислоҳталаб ниёз дорад: “Ман солиёни кори шумо дар Сенати Амрикоро эҳтиром мекунам, вале ба назари ман, амрикоиҳо хостори як чизи наву дигаранд ва ин энержии тозаву диди тоза бо худ ислоҳот хоҳад овард.”
Тибқи қонунҳои Амрико, дар сурати фавти раисҷумҳур ва ё ба далеле аз кор рафтани ӯ ин масъулият ба ноибаш вогузор мешавад. Баҳси имрӯза танҳо баҳси байни ду номзад ба ноибӣ дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикост, ки рӯзи 4 ноябр баргузор мешавад.