Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поин рафтани қурби доллари ИМА дар баробари сомонӣ


Қурби доллар дар баробари сомонӣ, арзи миллии тоҷикӣ, якбора 5 нуқта кам шуд ва ба 3 сомониву 38 дирам баробар шуд.

Агар як рӯз қабл, дар нуқтаҳои саррофии шаҳрии Душанбе 1 доллари амрикоӣ ба 3 сомониву 42 дирам иваз мешуд, феълан он ба 3 сомониву 38 дирам баробар шудааст.

Коҳиши қурби доллари амрикоӣ дар баробари сомонӣ дар ҳолест, ки қурби асъори дигари хориҷӣ, аз ҷумла евро ва рубл, дар Таҷикистон тағйир наёфтааст. Масъулини дуконҳои саррофии Душанбе мегӯянд, ки рӯзҳои ахир тақозо ба доллар коҳиш ёфтаааст.

Вале дар ҳамин ҳол, Абдуғафор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, сабаби дар баробари сомонӣ коҳиш ёфтани қурби долларро дар афзоиши ҳаҷми дулори амрикоӣ дар бозори арзи кишвар арзёбӣ мекунад. Ба қавли оқои Қурбонов, Бонки миллӣ барои коҳиши қурби дулори амрикоӣ ё баланд бурдани қурби сомонӣ дар бозори арз ҳеч иқдоми сунъӣ анҷом надодааст. Феълан, афзуд ӯ, дар Тоҷикистон низоми озоди қурби асъор ҷорӣ аст ва қурби асъор бар асоси тақозо ва арза муайян мешавад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони масоъили иқтисодӣ дар робита ба коҳиши қурби доллари ИМА назарҳои мухталиф доранд. Ба эътиқоди Давлати Усмон, иқтисоддони тоҷик, Бонки миллии Тоҷикистон бо вориди якбораи ҳаҷми бузурги доллари амрикоӣ аз хазинаи худ ба бозори асъор ва ё кам кардани ҳаҷми пули миллӣ дар муомилот метавонад, ба коҳиши қурби доллар нисбат ба сомонӣ дастёб шавад.

Одил Давлатшоев, коршиноси масоили иқтисодӣ, бар ин аст, ки фаро расидани мавсими бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон боъиси коҳиши қурби доллар дар баробари сомонӣ шудааст. Айни замон, мегӯяд ӯ, мавсими бозгашти муҳочирони корӣ ба ватан оғоз шудааст ва онҳо ҳачми зиёди долларро ба бозори асъори кишвар ворид кардаанд, ва ин ба коҳиши қурби доллар дар баробари сомонӣ боъис шудааст. Ҳамчунин, меафзояд коршинос, муҳочирон баъди бозгашт ба ватан долларҳои зиёдеро ба сомонӣ иваз мекунанд, то барои таъмини рӯзгорашон маҳсулот харид бикунанд.

Харҷи зиёди мардум барои таҷлили иди Рамазон, мегӯяд таҳлилгари мустақил Хилватшоҳи Маҳмуд, ба коҳиши якбораи қурби доллар сабаб шудааст.

Коҳиши қурби доллар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон қурби он афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG