Раҳмон Муртазоев, садовари ин мусобиқа ба Радиои Озодӣ гуфт, даври ниҳоӣ бо ширкати 8 даста аз манотиқи мухталифи кишвар дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд тӯли 6 рӯз идома кард. Вай афзуд, мусобиқа барои дарёфти ҷоизаи «Тӯби чармин», ки дар давраи шӯравӣ байни бачагону наврасон хеле маъруф буд, бо ибтикори Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар солҳои ахир аз нав эҳё гардидааст.
Дар бозии ниҳоӣ «Варзоб» бар дастаи мизбон – «Динамо»-и Исфара бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Барои ҷои севум дастаи «Регар»-и Турсунзода бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид.