«Динамо»-и Душанбе дар майдони худ бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Вале CSKA «Помир»-и Душанбе аз дастаи меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа - бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Вале натоиҷи ин бозиҳо мавқеъи дастаҳои пешсафро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. Мисли пешин «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар 20 бозӣ 50 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ 50 имтиёз ба даст овардааст, вале таносуби тӯбҳои «Регар» ТадАЗ беҳтар мебошад. Аз ин рӯ «Хуҷанд» ҷои дуввумро касб кардааст. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 48 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад. Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - бо 45 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» нисбат ба ҳарифони аслиашон - «Хуҷанд» ва «Вахш» - ду бозӣ камтар анҷом додаанд.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1. | «Регар» ТадАЗ | 20 | 16 | 2 | 2 | 68-17 | 50 |
2. | «Хуҷанд» | 22 | 16 | 2 | 4 | 35-15 | 50 |
3. | «Вахш» | 22 | 15 | 3 | 4 | 40-17 | 48 |
4. | «Парвоз» | 20 | 14 | 3 | 3 | 42-18 | 45 |
5. | «Динамо» | 24 | 10 | 5 | 9 | 35-34 | 35 |
6. | «Энергетик» | 23 | 10 | 3 | 10 | 39-34 | 33 |
7. | «Тоҷиктелеком» | 23 | 9 | 1 | 13 | 33-44 | 28 |
8. | CSKA «Помир» | 25 | 6 | 2 | 17 | 18-48 | 20 |
9. | «Саройкамар» | 24 | 5 | 4 | 15 | 31-48 | 19 |
10. | «Гвардия» | 25 | 5 | 3 | 17 | 23-53 | 18 |
11. | «Равшан» | 22 | 4 | 2 | 16 | 20-56 | 14 |
Беҳтарин голзанҳои мусобиқот: Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 16 гол, Нӯъмон Ҳакимов («Парвоз») – 14, Юсуф Рабиев («Вахш»/”Хуҷанд») – 12, Шодибек Ғаффоров («Саройкамар») – 11.
Дар даври 25-уми мусобиқот 30-уми сентябр «Равшан»-и Кӯлоб бо «Регар» ТадАЗ, «Гвардия» бо «Вахш», «Саройкамар»-и Панҷ бо «Тоҷиктелеком» ва 1-уми октябр «Хуҷанд» бо «Энергетик» бозӣ хоҳанд кард. Бозии «Парвоз ва CSKA «Помир» аз 30-юми сентябр ба 2-юми октябр гузаронида шудааст.