Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони бумӣ ва муҳоҷири Қирғизистон


Бино ба маълумоти омори расмӣ дар Қирғизистон дасти кам 50 ҳазор тоҷиктаборон ба сар мебаранд.

Дар чанд соли ахир теъдоди зиёди тоҷикон сукунат дар Қирғизистонро ихтиёр кардаанд, ки гуфта мешавад, аз Тоҷикистон ба ин кишвар кӯч бастаанд ва шумораи тоҷикони Қирғизистонро афзуданд.

Коршиносон тоҷикони Қирғизистонро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд. Ба гурӯҳи аввал тоҷикони бумӣ ё, ба истилоҳ, таҳҷоӣ ва ба гурӯҳи дуввум тоҷикони муҳоҷир шомиланд. Дар ин гузориш мо шеваи гуфтор ва расму ойинҳои тоҷиконеро баррасӣ хоҳем кард, ки ба гурӯҳи аввал, яъне тоҷикони бумии Қирғизистон шомиланд. Аксарияти онҳо дастаҷамъона дар вилояти Ботканд ва Ҷалолобод маскун мебошанд. Шеваи гуфтори онҳо аз ҳам фарқ мекунад. Шеваи гуфтори гурӯҳи аввал ба шеваи гуфтори мардуми Самарқанду Хуҷанд монанд аст.

Вале гурӯҳи дуввуми тоҷикони Қирғизистон ба шеваи мардуми водии Қаротегин гуфтугӯ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки миёни ду деҳи ҷамоъати Учқурғон фақат як роҳи калон мегузарад. Гуфта мешавад, ки ин роҳ роҳи бузурги абрешим мебошад.

Ба гуфтаи коршиносон, роҷеъ ба асли баромади тоҷикони Қирғизистон, аз кадом минтақа ва кай ба минтақаҳои мухталифи Қирғизистон муҳоҷир шудани онҳо баъзе маъхазҳо вуҷуд доранд, ки фақат баъди сӯҳбат бо сокинони маҳаллӣ навишта шудаанд. Коршиносон меафзоянд, вале то ҳол дар ин маврид ягон пажӯҳиши дақиқ сурат нагирифтааст, ки баҳсҳои зиёдеро дар робита мансубияти тоҷикони ин кишвар ба тоҷикони ин ё он минтақаи Тоҷикистон ва тоҷикони Самарқанд ба куллӣ аз байн бардорад.

Профессор Абдуҳалим Раҳимҷонов, раиси ифтихории созмони тоҷикони Қирғизистон, ки зодаи деҳаи Учқурғони ноҳияи Қадамҷо мебошад, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки аҷдодони вай тахминан ду ҳазор сол пеш аз Самарқанд ба ин ҷо омадаанд. Гурӯҳи дуввуми тоҷикон аз Хуҷанд ва гурӯҳи севвум 300-400 сол муқаддам аз Ғарм омада ва дар соҳили рӯди Исфайрам маскан гузидаанд.

Аммо Абдусаид Ғафуров, додрасони Додгоҳи олии Қирғизистон, ки зодаи деҳаи Тоҷикқишлоқи ҷамоъати Учқурғон мебошад, мегӯяд, ки тоҷикони ду самти роҳ дар як вақт ба он ҷо омадаанд ва онро манзили доимии худ қарор додаанд. «Мегӯянд, ки Тоҷикқишлоқ 400 сол муқаддам ва Учқурғон ҳазор сол пеш бунёд шудааст. Фикр мекунам, ки ин тахмин дуруст нест, зеро дар ду самти роҳ соҳибони ду лаҳҷа дар як вақт сокин шудаанд. Аммо касе ба ин далел аҳмият доданӣ нест».

Ин ҳамсӯҳбатони ман мегӯянд, ки дар расму ойин ва маросимҳо байни тоҷикони ҷамоъати Учқурғон ягон фарқи куллӣ ба назар намерасад ва фарқ фақат дар шеваи гуфтори онҳост.

Профессор Абдуҳалим Раҳимҷонов перомуни ин мавзӯъ мегӯяд, ки арӯсфарорӣ, тӯйҳои дигар ва маросимҳои дафт ҳама якранганд. Аммо дар рақси тоҷикдухтарони Тоҷикқишлоқ унсурҳои рақси духтарони водии Қаротегин бештар ҷилвагар аст. «Дар рақси духтарони мо ва хуҷандӣ рақси хоси духтарони самарқандӣ ва минтақаи шимоли Тоҷикистон ҳувайдост».

Бояд тазаккур дод, ки ҷамоъати Учқурғони ноҳияи Қадамҷо теъдоди зиёди олимону фозилон ва арбобони давлативу ҷамъиятиро зодаву парвардааст, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон кору зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи профессор Раҳимҷонов аз фарзандони ҷамоъаи Учқурғон 9 нафар унвони доктори илмро ба даст овардаанд ва 35 нафар номзадҳои фан шудаанд. Ду нафар ба рутбаи генералӣ соҳиб шудаанд. Теъдоди зиёд дар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ифои вазифа кардаанду ин анъана имрӯз низ идома дорад.

Шоир Шарифҷони Учқурғонӣ, чи дар Қирғизистон ва чи дар Тоҷикистон, шинохта шудааст. Вай се маҷмӯъаро барои мухлисони шеъри форсии тоҷикӣ армуғон кардааст.

XS
SM
MD
LG