Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҳамоиши ИА ва ОМ


Дар пойтахти Фаронса нахустин ҳамоиши амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт.

Дар ин нишаст, вазирони 27 кишвари узв бо ҳамкоронашон аз Тоҷикистону, Ӯзбакистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон асосан се масъала: хатари терроризм, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва инсон ва ҳамчунин масъалаи энержӣ ва амнияти муҳити зист баррасӣ мешавад.

Минтақаи муҳим

Бенито Ферреро Валднер - кумиссионери умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказиро минтақае хонд, ки барои ИА аҳамияти ҳарчӣ бештар касб мекунад. Вай баргузории ҳамоиши мазкур дар пасманзари муноқишаи Гурҷистону Русияро ниҳоят муҳим ва саривақтӣ хонд.

Терроризм ва тундгароӣ

Бенито Ферреро Валднер ба масъалаи хатари терроризм ишора карда ва гуфт, ки бо вуҷуди гузашти ҳафт сол аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябр хатари терроризм ва тундгароӣ назар ба ҳар вақти дигар бештар шудааст. Вай гуфт, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои решакан кардани ин падидаҳо манофеъи муштарак доранд ва як заминаи зуҳури терроризму тундгароиро камбизоатӣ номид, ки гиребонгири аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Хонум Валднер табъизу фишорро як шароити муносиб барои зуҳури тундгароӣ тавсиф карда ва риояти ҳуқуқи инсон ва демократисозиро беҳтарин силоҳ алайҳи тундгароӣ хондааст. Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ зуд-зуд барои нақзи ҳуқуқи инсон мавриди танқиди кишварҳои ғарбӣ қарор мегиранд.

Маводи мухаддир

Хонум Бенито Фереро Валднер гуфтааст, панҷяки ҳероини Афғонистон аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупо қочоқ мешавад ва маводи мухаддири афғонӣ ҳамчунин барои кишварҳои минтақа низ мушкилоти иҷтимоӣ меофарад.

Вай ба зарурати тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва кам кардани талабот ба он мавод таъкид варзидааст.

XS
SM
MD
LG