Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 19 гумонбари ҳамла ба сафоратхонаи ИМА


Мақомоти Яман бо гумони даст доштан дар ҳамла ба сафоратхонаи ИМА дар шаҳри Санъо 19 нафарро боздошт кардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” бо такя ба мақомоти расмии Яман хабар додааст. Ҳамла ба бинои сафоратхонаи Амрико дар пойтахти Яман дирӯз сурат гирифта буд – дар аввал дар канори бино як мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор кард ва ба думболи он тирпарронӣ шурӯъ шуд. Дар задухурд шаш тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Тирпарронӣ мунҷар ба ҳалокати шаш сарбоз ва чаҳор раҳгузар низ шудааст. Нафаре аз кормандони сафоратхона осеб надидааст.

Вазорати хориҷаи ИМА ҳамла ба сафорати кишвар дар Санъоро шадидан маҳкум кард ва ҳадс зад, ки он аз сӯи созмони “Ал-Қоида” тарҳрезӣ ва татбиқ шудааст. Дирӯз Созмони Милали Муттаҳид низ ин ҳамларо маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG