Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯрохӣ дар пардаи озон


Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ мегӯяд, сӯрохӣ дар пардаи озон имсол назар ба соли гузашта бузургтар шудааст, вале ба сатҳи соли ду сол пеш нахоҳад расид.

Дар баёнияи расмии созмон омадааст, соли 2008 даридани пардаи озон дар атмосфераи курраи Замин дертар ба амал омад, вале дар зарфи чанд ҳафтаи босуръат васеъ шуда ва аз ҳаҷми соли 2007 ҳам гузашт. Гейр О Бразен - коршиноси Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ ба Маҷаллаи Илм ва Фанноварии Радиои Озодӣ гуфт, сӯрохии қабати озон, ки дар ҳамин давраи соли гузашта соли 2007 25 миллион километри мураббаъро фаро мегирифт, ҳоло васеътар шудааст:

Сӯрохии пардаи озон имрӯзҳо дар садади расидан ба ҳадди максималии худ аст ва асосан миёна ва ё охирҳои моҳи сентябр ба он ҳад мерасад. Дар ин замон сӯрохии пардаи азон ба ҳадди ниҳоии худ васеъ мешавад ва ҳоло дар ҳудуди 27 миллион километри мураббаъ аст. Аммо ман фикр намекунам, ки сӯрохии пардаи озон ба андозаи васеъии худ дар соли 2006-ум хоҳад расид, зеро чунин ба назар намеояд. Вале боз ҳам наметавон хулосаи ниҳоиро дод, зеро сӯрохӣ дар ҳоли таҳаввул буда ва чунон ки гуфтам, назар ба соли гузашта васеътар аст, вале ба фикрам рекорди соли 2006 – ро нахоҳад шикаст.

Сӯрохӣ дар қабати озонро соли 1980 ошкор карда буданд ва он сӯрохӣ асосан моҳи август, зоҳир мешавад вас сипас дар охирҳои моҳи сентябр ва ё авоили моҳи октябр ба ҳадди ниҳоиаш васеъ гашта ва миёнаҳои декабр дигарбора баста мешавад. Пардаи озон дар атмосфера мисли сипарест, ки курраи Заминро аз таъсири манфии нурҳои кушандаи ултрабунафш ҳифз мекунад ва маҳз инсоният бо фаъолиятҳои худ сабаби даридани он парда ва ба қавле шикастани сипари Замин шудааст. Ба гуфтаи Гейр О Бразен аз Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ акнун даҳсолаҳо заруранд, то пардаи озон худ ба худ барқарор шуда ва ба вазъи пешини худ қабл аз соли 1980 баргардад. Вай афзуд маҳкам шудани сӯрохӣ дар пардаи озон вобаста ба мавзеъ ва шароити табиӣ аст, вале ба ин зудиҳо мо шоҳиди ба кулли сиҳат шудани ин қабати осебдида нахоҳем шуд:

Ин вобаста ба бахшҳои курраи Замин аст, ки шумо дар назар доред. Дар арзи ҷуғрофии миёна, яъне Аврупо ва амсоли он пардаи озон то солҳои 2045 ё 2050 барқарор хоҳад шуд, албатта ин ба шароит вобаста аст ва аз тахминҳои хушбинонаи мост. Ва дар Антарктида пардаи озон соли 2070 барқарор хоҳад шуд.

Қабати озон, ки дар арзи 40 километр аз сатҳи Замин ҷойгир аст, нурҳои ултрабунафши зиёновари Офтобро ҷаббида намегузорад, то ба Замин расанд. Вақте пӯсти шумо дар офтоб месӯзад, бидонед, ки кори дасти нурҳои ултрабунафши аст. Аммо нурҳои ултрабунафш ба қавле танҳо бо ин қаноат намекунанд ва метавонанд сабаби саратони пӯст, бемории чашм ва зиён дидани олами рустаниҳо шаванд. Аммо иллати даридани пардаи озон дар чист ва чаро сӯрохии он дар моҳи август васеъ мешавад. Гейр Бразен коршиноси Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ:

Сӯрохии озон маъмулан фасли зимистон шакл мегирад, ки дар ҷануби Антарктика ба моҳҳои май июн июл рост меояд. Ин сардӣ боъиси ба вуҷуд омадани абрҳои стратосферии қутбӣ мешавад. Ин абрҳои хосеанд, ки дар баландии 20 то 25 километр аз сатҳи Замин дар зимистон пайдо шуда, баъзе реаксияҳои кимиёвиро бармеангезанд, ки ин реаксияҳо бо омехтагии газҳои карбонат, гидроген ва хлорину флуорин сурат мегирад. Дар натиҷа хлорин ва ё бромиди фаъол ҳосил мешавад, ки пардаи озонро вайрон мекунад. Ва ҳодисаи мазкур барои он дар моҳи август сурат мегирад, ки ҳаво дар Антарктика дар моҳи июл ниҳоят сард ва торик аст. Дар ин вақт Офтоб пас аз зимистони қутбӣ бармегардад ва омезиши ҳарорати паст бо нурафкании офтоб сабаби пайдоиши сӯрохии озон дар Антарктика мешавад. Ва заминаҳои асосии ин албатта газҳои саноатӣ аз қабили хлорофлуорокарбон аст, ки инсон дар даҳсолаҳои гузашта хориҷ кардааст.

Ин гуна газҳоро инсоният барои сохтани яхдону, дастгоҳҳои сардкунии ҳаво ва абзорҳои дигар истифода мекард. Ҳарчанд соли 1987 бар асоси як аҳдномаи байналмилалӣ истифода аз ин газҳо мамнӯъ шудааст вале ин газҳо дар қабати атмосфера солҳои тӯлонӣ боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG