Ин Бозиҳо, ки 6-уми сентябр дар пойтахти Чин оғоз ёфта буданд, бо ширкати беш аз 4 ҳазор варзишгари маълул аз 148 кишвар доир гардиданд.
Бад-ин тартиб, дар тӯли 11 рӯзи рақобатҳо варзишгарони 76 кишвар дар 20 ришта медалҳои паралимпӣ ба даст оварданд. Намояндагони 52 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои паралимпии Пекин даст ёфтанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мизбон -Чин бо касби 211 медал, аз ҷумла 89 тилло дар ҷои аввал қарор гирифт. Бритониёи Кабир бо касби 102 медал, минҷумла 42 тилло дуввум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 99 медал, аз ҷумла 36 нишони тилло севум шуданд. Инчунин байни панҷ дастаи беҳтарин, Укроин бо касби 73 медал, аз ҷумла 24 тилло ва Австралия бо касби 79 медал, аз ҷумла 23 тилло ҷой гирифтанд.
Ба ғайр аз Укроин миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ боз 6 кишвар – Русия (ҷои 8-ум, ҳамагӣ 63 медал, аз ҷумла 18 тилло), Беларус (21-ум, 13, аз ҷумла 5 тилло), Озарбойҷон (38-ум, 10, аз ҷумла 2 тилло), Латвия (45-ум, 3, аз ҷумла 1 тилло), Литва (56-ум, 2 нуқра) ва Эстония (69-ум, 1 биринҷӣ) соҳиби медалҳои паралимпӣ гардиданд.
Вале варзишгарони маълули тоҷик Зайтуна Розиқова ва Хайруллоҳ Абдураҳимов дар ин Бозиҳо дар сабқати вазнабардорӣ ё пауэрлифтинг дар ҷойҳои охирин қарор гирифтанд.
Аз шумо гардам ҷаноби Атоев чӣ гуна метвавонад байни аъзои оила рақобат бошад, вақте моликони ширкатҳо апаву хоҳар ва тағо ҳастанд? Ман мефаҳмам аз мансабдор будани бародаратон хавф доред. Аммо ба хотири виҷдон чаро мушкилиро намегӯед, мутахассис? Аз дасти вазиратон ки қудо аст коре намеояд.
Hami ya jiro namefahmi saf sata nagu... Bad agar tu talimi hub medoshti ba izati nafsi musulmonon namerasidi...
Шамолуш точикистондам расидестай..худо хохад да точикистондам митинг хохад шуд
Suhbatohoi jolib: iltimos nawised ki Islom dar tuli 1400 sol ba Osiyoi markazi wa Tajikiston chi foidaho owarda ast?
Атоев хам кадоме аз персонажхои асархои безавол шуданд-нохоста мачбур. Хеч неки аник фикрашонро фахмонанд. Ачаб рузгоре?!