Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои паралимпӣ: Тоҷикистон – дар ҷои охирин


То анҷоми Бозиҳои Х111 паралимпӣ, ки дар шаҳри Пекин бо ширкати варзишгарони маълули 148 кишвари ҷаҳон ҷараён доранд, се рӯзи дигар мондааст.

То замони таҳияи гузориши мо варзишгарони 72 кишвар медалҳои паралимпӣ ба даст овардаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мизбон - Чин бо касби 150 медал, аз ҷумла 59 тилло дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Бритониёи Кабир бо касби 87 медал, минҷумла 40 тилло дар ҷои дуввум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 73 медал, аз ҷумла 27 нишони тилло дар ҷои севум мебошанд. Байни 5 дастаи беҳтарин, инчунин, Укроин бо касби 58 медал, аз ҷумла 20 тилло ва Австралия бо касби 62 медал, минҷумла 17 нишони тилло ҷойгир шудаанд. Русия бо касби 52 медал, аз ҷумла 16 тилло шашум аст. Воқеъан байни кишварҳои собиқи шӯравӣ бар иловаи Укроин ва Русия боз 5 кишвари дигар – Беларус, Озарбойҷон, Латвия, Литва ва Эстония соҳиби медалҳои паралимпӣ гардидаанд.

Шарафи Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо ду нафар дар риштаи пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ ҳимоя карданд. Хайруллоҳ Абдураҳимов дар вазни то 67, 50 кг байни вазнабардорони 14 кишвар дар ҷои охирин қарор гирифт. Варзишгари Миср Иброҳим Мазна Метвалӣ, ки дар ин вазн қаҳрамони Бозиҳо гардид, бо натиҷаи 217,5 кг рекорди нави паралимпӣ гузошт. Алӣ Ҳусейнӣ, аз Эрон, бо натиҷаи 215 кг медали нуқра ва Маошун Ву, аз Чин, бо натиҷаи 200 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG