Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душвории тиҷорат дар Тоҷикистон


Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони байнулмилалии молӣ мегӯянд, шароити тиҷорат дар Тоҷикистон дар як соли ахир аз пешина душвортар шудааст.

Тибқи пажӯҳиши солонаи Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони Байнулмилалии молӣ, Точикистон дар дар байни 181 кишвари олам дар заминаи шароити тичорат аз мавқеъи 156-ум се зина пойин рафтааст. Ҳамакнун Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷаҳон аз ҷиҳати тиҷорат дар ҷои 159-ум қарор дорад.

Светлана Багоутдинова, масъули Бонки Ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои минтақа, мегӯяд, эҷоди монеъаҳо дар роҳи рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон боис ба поин рафтани мавқеъи Тоҷикистон дар байни кишварҳои олам дар заминаи тиҷорат шудааст. Ба қавли вай, маҳдудият дар дастрасӣ ба манобеъи молӣ, сангинии мизони молиёт, вуҷуди фасоди густурда дар ниҳодҳои давлатӣ ва сабти номи ширкатҳо барои тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик аз мушкилоти умда ба шумор мерафтаанд.

Умар Шавуров, пажӯҳишгари Созмони Байнулмилалии Молӣ, ки дар ин таҳқиқот кор кардааст, мегӯяд, бархе аз қонунҳои Тоҷикистон, ки ахиран ба тасвиб расидаанд, шароити тиҷорат ва соҳибкорӣ дар ин кишварро мушкил кардаанд. Ба қавли вай, барои мисол тибқи қавоиди нави молӣ соҳибкорон барои гирифтани муҷавиз барои ҷои сохтмон ҳудуди шаш моҳ дар интизор мемонанд. Ӯ мегӯяд, мӯҳлати дарёфти муҷаввиз барои оғози умури сохтмонӣ дар Тоҷикистон 160 рӯзи дигар зиёд шудааст.

Оқои Шавуров меафзояд, дар як соли ахир қабули қонуни Тоҷикистон дар бораи ширкатҳои саҳҳомӣ ягона иқдоми муассири давлат дар роҳи ислохи шароити душвори тиҷорат будааст. Ба гуфтаи ӯ, қонуни нав ба саҳҳомони ақалият иҷозат медиҳад, ки онҳо аз номи ширкат мудирони манфиатдорро ба ҷавобгарии чиноятӣ кашанд. Оқои Шавуров афзуд, ки ин қонун мизони ҳифозати сармоягузоронро дар Тоҷикистон беҳтар кардааст: «Бар тибқи қонуни нав, қароре ки хусусияти баҳсбарангезӣ дорад, қабл аз он ки аз ҷониби шӯрои мудирони ширкат қабул шавад бояд, дар ҷамъомади саҳоммон мавриди баррасӣ қарор гирад».

Бино ба гузориши солонаи Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони Байнулмилалии молӣ, душвортар шудани шароити тиҷорат дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки куллия кишварҳои Осиёи Марказӣ, шароити тиҷорат дар кишварҳои худро соддатар ва ҷойгоҳи аз Тоҷикистон баландтареро касб кардаанд.

Тибқи феҳрасти Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони Байнулмилалии молӣ дар заминаи тиҷорат Қирғизистон аз зинаи 99 ба зинаи 68, Қазоқистон аз зинаи 80 ба зинаи 70 ва Узабкистон аз зинаи 145 ба зинаи 138 боло рафтаанд.

Дар ин феҳраст Сингапур дар байни кишварҳои олам дар ҷои авал қарор дорад. Гурҷистон ва кишвархои соҳили Балтик аз кишварҳои шӯравии пешин дар ин феҳраст дар қатори 30 кишвари пешрафтаи чаҳон ҷой гирифтаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои шӯравии пешин низ дар заминаи тиҷорат дар ҷои ахир қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG