Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» - ғолиби давраи дуввуми сабқати лигаи олӣ


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар охирин бозии давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар «Динамо»-и Душанбе бо ҳисоби 5 : 2 пирӯз гардид.

Голҳоро аз тими ғолиб Маҳмудов (27 ва 45+2), Оливейра (30), Рустамов (50) ва Исмоилов (89), аз дастаи меҳмон Шоҳзуҳуров (15) ва Пиров (69) ба самар расонданд.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ, ки аз 20 бозӣ 50 имтиёз ба даст овардааст, ғолиби давраи дуввуми мусобиқот гардид. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 45 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. «Хуҷанд» бо 44 имтиёз зинаи севумро касб кардааст. Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - «Вахш» - бо 42 имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор дорад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

20

16

2

2

68-17

50

2.

«Парвоз»

20

14

3

3

42-18

45

3.

«Хуҷанд»

20

14

2

4

28-13

44

4.

«Вахш»

20

13

3

4

35-17

42

5.

«Энергетик»

23

10

3

10

39-34

33

6.

«Динамо»

20

9

4

7

32-30

31

7.

«Тоҷиктелеком»

21

7

1

13

29-42

22

8.

«Саройкамар»

22

5

4

13

30-41

19

9.

«Гвардия»

22

5

2

15

21-49

17

10.

CSКА «Помир»

21

5

0

16

13-44

15

11.

«Равшан»

21

4

2

15

20-52

14

Беҳтарин голзанҳои мусобиқот:

Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 16 гол

Нӯъмон Ҳакимов («Парвоз») – 14 гол

Шодибек Ғаффоров («Саройкамар») – 10 гол

XS
SM
MD
LG