Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои 13-уми паралимпӣ дар Пекин оғоз шуданд


Шоми 6-уми сентябр дар варзишгоҳи миллии «Ошёни парранда»-и пойтати Чин - шаҳри Пекин - маросими кушоиши Бозиҳои 13-уми паралимпӣ барпо гардид.

Дар ин маросим, ки тӯли 3 соат идома кард, ширкаткунандагони бозиҳоро раиси Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ Филип Крейвен муборакбод гуфт. Оташи Бозиҳоро қаҳрамони паралимпӣ Хоу Бин, аз Чин, даргиронд, ки то 17-уми сентябр, рӯзи пӯшидашавии Бозиҳо, фурӯзон хоҳад буд.

Беш аз 4 000 варзишгари маълул аз 148 кишвар дар 20 навъи варзиш тӯли 11 рӯз рақобат хоҳанд кард.

Нахустин медали тиллои Бозиҳои 13-уми паралимпиро варзишгари Словакия Вероника Вадовикова дар тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр ба даст овард.

Сафар Боев, раиси Федеросиюни варзишгарони маълули Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, шарафи кишварро дар ин Бозиҳо ду вазнабардор - Зайтуна Розиқова дар вазни то 44 кг ва Хайруллоҳ Абдураҳимов дар вазни то 68 кг ҳимоя хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG