Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз «Тиҷорат дар Тоҷикистон» натиҷагирӣ карданд


Кумитаи назоратии Лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» нишасти охирини худро дар шаҳри Душанбе баргузор кард.

Кумитаи мазкур баҳори соли гузашта бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаи мазкур ва шаффофият дар кори амалигардонии он ташкил шуда буд. Намояндаҳои як силсила ниҳодҳои давлатӣ, хусусӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ узви Кумитаи назоратии Лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» мебошанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат амалӣ мешавад ва дастгирии соҳаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон, боло бурдани имконоти рақобатпазирии корхонаҳои коркард ва тавлиди маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотии Тоҷикистон дар бозорҳои беруна ва мусоидат ба боло бурдани иқтидори содиротии кишвар дар ин росто аз самтҳои аслии фаъолияти ин тарҳ мебошад. Ин лоиҳа аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) маблағгузорӣ мешавад.

Дар нишасти охирини Кумитаи назоратии лоиҳаи фавқуззикр масоили марбут ба фаъолияти лоиҳа, монеъа ва мушкилоти соҳаи коркарди мева ва сабзавот ва содирот, беҳбудиҳо дар ин самт ва манофеъи рушди ин соҳа баррасӣ шуд.

Лариса Кислякова - муовини вазири рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон нишастро боз кард ва фаъолияти лоиҳаро дар соли равон пурсамар номид. Армен Заргарян – мушовири рушди тиҷорати минтақавии МБТ аз маҳсули кори лоиҳа мисолҳо овард, аз ҷумла он ки бо мусоидати онҳо корхонаҳои коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ иштирок карда ва аз он ҷо бо силсилаи қарордодҳо ва идеяву пешниҳодҳои нав баргаштаанд. Ҷаноби Заргарян ҳамчунин аз комёбии бархе аз корхонаҳои Тоҷикистон дар роҳи татбиқи низоми ҲАССП ва ISO 22000 (низоми мудирияти бехтараии маҳсулот) ёдовар шуд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон дар идомаи ҳарфҳои ҷаноби Заргарян гуфт, дар ин муддат дар қатори корҳои зиёде, ҳамчунин, Нақшаҳои амал ҷиҳати беҳбудӣ дар риштаҳои бозорёбӣ, фанноварии тавлидот ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ барои корхонаҳои санҷишӣ таҳия гардиданд; назарсанҷӣ оид ба шарбати зардолу доир гардид; ба озмоишгоҳҳои санҷишии Точикстандард дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ёриҳо расонида шуд; мутахассисини соҳоти марбут ба бехатарӣ ва сифати маҳсулоти ғизоӣ омӯзишҳо дида ва соҳиби гувоҳномаҳои байнулмилалӣ шудаанд ва ғайра.

Анна де Чембриер – намояндаи СЕКО (Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод) гуфт, натоиҷи фаъолияти ин Лоиҳа барои ниҳоди онҳо хеле муҳим мебошад, чун онҳо дар оянда ният доранд, айни чунин Лоиҳаро дар кишварҳои дигар низ ба роҳ монанд. Хонум де Чембриер ҳамчунин гуфт, онҳо хостори идомаи ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази байнулмилалии тиҷорат мебошанд ва пешниҳод кард, ки тарҳҳои нав таҳия ва барои дархости дастгирӣ ба СЕКО ирсол шаванд.

Лариса Кислякова, муовини вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон дар посух ба ин ҳарфҳо гуфт, аллакай корҳои муқаддамотӣ сари омода намудани тарҳҳо дар мавриди дастгирии соҳаҳои пахтакорӣ, ҳунармандӣ, коркарди сангҳои гаронбаҳо ва ғайра идома доранд.

XS
SM
MD
LG