Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри ашъори Рӯдакӣ ба се забон дар Қирғизистон


Нашриёти «Олтин тамға»-и Қирғизистон маҷмӯъаеро бо номи «Рӯдакӣ – Одамушшуъаро» аз дасти чоп баровард.

Гирдоваранда ва масъули нашри он устоди Донишгоҳи байнулмилалии Қирғизистон Шоистаи Равшан мебошад. Ба ин китоб профессор Михаил Рудов дебоча навиштааст.
Дар китоб ашъори устод Рӯдакӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ба табъ расидааст. Тарҷумаи ин шеърҳо аз тоҷикӣ ба русиву қирғизӣ аз тарафи шоирони қирғиз ва рус анҷом пазируфтааст.
Шоистаи Равшан дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ перомуни нашри ин китоб гуфт, ки шоири бузург, бунёнгузори адабиёти форсу тоҷик барои аҳли башар мероси гаронбаҳоеро аз худ гузоштааст.
Вай афзуд, ки ин ашъор дар қарни 21 низ ба дарди ҳама мудавво ва ҷавобгӯст: «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шоирест, ки умқи зиндагии рӯзгори инсонҳоро омӯхтаву таҳлил намуда ва бардоштҳои хирадмандонаи худро чун қомуси зиндагиномаи инсонӣ ба одамон пешкаш кардааст».
Дар ашъори боқимондаи устод Рӯдакӣ, аз ҷумла, фалсафаи ҳаёт, маргу зиндагӣ, мавзӯъҳои ахлоқӣ ва зарурияти дониш андӯхтанро баррасӣ шудааст.
Шоистабону мутазаккир шуд, ҳадаф аз нашри маҷмӯъа ин аст, ки ашъори Рӯдакӣ фақат барои форсигӯён нест ва ин мероси гаронбаҳои ӯ барои ҷомиъаи Қирғизистон низ муфид аст: «Дар Қирғизистон ақвоми мухталиф ба сар мебаранд, ки дорои фарҳанги хоссаи худ ҳастанд, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо ба фарҳангу адаби тоҷик завқ ва майли хоссае доранд.
Анҷумани занони Қирғизистон бо унвони «Вақте зан сухан мегӯяд» ҳамин омилро зимни гирдоварӣ ва нашри китоб мадди назар гирифта, ин маҷмӯъаро ба табъ расонидааст.
Шоистаи Равшан ҳамчунин мутазаккир шуд, ки нашри ин маҷмӯъа дар наздик кардани робитаҳои фарҳангии миёни тоҷикону қирғизҳо хеле мусоъидат хоҳад кард: «Фарҳанг воситаест, ки аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоъӣ низ мардуми гуногунқавмро ба ҳам мепайвандад».
Дар ин замина анҷумани занони Қирғизистон барои нахустин бор иқдом чунин иқдоми фарҳангии «байнулмилалӣ» кардааст ва дар оянда ҳадаф дорад, то ашъори Ҳофиз, Хайёму Фирдавсӣ, Ҷомиву дигаронро ба забонҳои русиву қирғизӣ ба мардуми кишвари худ пешкаш кунад.
Шоистабону дар поёни суҳбаташ гуфт: «Мо дар замоне ба сар мебарем, ки ҷомиъаро буҳрони иқтисодиву фарҳангӣ низ фаро гирифтааст. Аз ин лиҳоз хондани ин маҷмӯъаи ашъори устод Рӯдакӣ ба ҷавонони қирғиз дар дарки бисёре аз мавридҳои зиндагии шахсиашон ва ҳаёти иҷтимоъии ҷомиъа муфиду созгор хоҳад буд».
XS
SM
MD
LG