Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 13-уми паралимпӣ


Варзишгарони маълули тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои 13-уми паралимпӣ озими Чин шуданд.

Пеш аз сафари ҳайъати варзишии Тоҷикистон ба шаҳри Пекин Сафар Боев, раиси Федеросиюни варзишгарони маълули кишвар, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Бозиҳои 13-уми тобистонаи паралимпӣ аз 6-ум то 17-уми сентябр, яъне пас аз 13 рӯзи пӯшидашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин доир хоҳанд шуд. Мусобиқот дар 20 навъи варзиш бо ширкати беш аз 4 000 варзишгар ва 2 500 мураббӣ аз ҳудуди 150 кишвар баргузор мешавад. Шарафи Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо ду нафар – Зайтуна Розиқова ва Хайруллоҳ Абдураҳимов дар риштаи вазнабардорӣ ҳимоя хоҳанд кард.

Сарпарасти дастаи мунтахаби паралимпии Тоҷикистон ширкати «Orion group company» мебошад. Мо аз раҳбарони ин ширкат бародарон Абдухолиқ ва Маҳмадрозиқ Неъматовҳо сипосгузорем. Воқеъан, аз ҷониби ин ширкат Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод бо мошини сабукрави тамғаи «TOYOTA Сamry» ва Расул Боқиев, ки дар риштаи гуштии дзюдо медали биринҷӣ ба даст овардааст, бо «TOYOTA Сorolla» мукофотонида шудаанд».

Маросими кушоиши Бозиҳои 13-уми паралимпӣ 6-уми сентябр ва маросими пӯшидашавии Бозиҳо 17-уми сентябр дар варзишгоҳи миллии «Ошёни парранда»-и Пекин барпо мегарданд.

XS
SM
MD
LG