Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон


Бозиҳои навбатии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар сафар «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. «Динамо»-и Душанбе ҳам бар дастаи мизбон – CSKA «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид. «Энергетик»-и Душанбе дар майдони худ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Бозии «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ва «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт.

Бад-ин тартиб, дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» бо 45 имтиёз аз 19 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

«Регар» ТадАЗ, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 44 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. «Хуҷанд» бо 41 имтиёз саввум аст.

Байни панҷ дастаи беҳтарин, инчунин «Вахш» бо 39 имтиёз ва «Динамо» бо 31 имтиёз ҷойгир шудаанд.

Ҳамлагарон Нӯъмонҷон Ҳакимов («Парвоз») ва Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик»), ки 14- голӣ ба самар расондаанд, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 4-уми сентябр

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Парвоз»

19

14

3

2

42-15

45

2.

«Регар» ТадАЗ

18

14

2

2

55-14

44

3.

«Хуҷанд»

19

13

2

4

25-13

41

4.

«Вахш»

19

12

3

4

32-17

39

5.

«Динамо»

18

9

4

5

30-22

31

6.

«Энергетик»

22

9

3

10

36-33

30

7.

«Тоҷиктелеком»

20

7

1

12

28-34

22

8.

«Саройкамар»

21

5

4

12

30-40

19

9.

CSKA «Помир»

20

5

0

15

12-41

15

10.

«Гвардия»

21

4

2

15

20-49

14

11.

«Равшан»

21

4

2

15

20-52

14

Бозиҳои навбатӣ: 4-уми сентябр – «Регар» ТадАЗ – «Тоҷиктелеком», «Динамо» - «Вахш», «Хуҷанд» - «Парвоз», CSKA «Помир» - «Энергетик», «Гвардия» - «Саройкамар».

XS
SM
MD
LG