Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либоси тоҷикӣ дар мактабҳои Қирғизистон


Дар як назархоҳӣ роҷеъ ба вазъи таълим дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии Қирғизистон, нисфи назардодагон сифати таълим дар мактабҳои ҳамагонии кишварашонро ғайриқаноъатбахш арзёбӣ кардаанд.

Ба фикри 50 дарсади онҳо, вазъи таълим дар мактабҳои кишвар хеле нигаронкунанда боқӣ мондааст ва 11 дарсади дигар таъкид кардаанд, ки дар мактабҳо як вазъияти нафратангез ҳукмфармост.

Ин дар ҳолест, ки беш аз ҳафт дарсади назархоҳон сифати таълим дар мактабҳои Қирғизистонро олӣ ва хуб шумурдаанд. Ба ақидаи 17 дарсади дигар, мавҷуд набудани консепсия ё назарияи мушаххаси давлат дар мавриди рушди бахши маориф ба заъфи таълим дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ мусоидат кардааст. Вале 11 дарсади пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки авҷи фасоду ришватхорӣ боиси бад шудани сифати таълим дар мактабҳои Қирғизистон шудааст.

Ба ақидаи сӣ дарсади пурсидашудагон, нарасидани кадрҳои баландмалакаи омӯзгорӣ дар мактабҳо, заиф гаштани базаи моддиву фаннӣ ва беэътиноӣ аз тарафи ҳукумат дар мавриди таъмини молии муассисаҳои таълимӣ ба сифати таълим таъсири манфӣ расонидааст.

Оё ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ ба мақсад мувофиқ аст?

Ба ин савол 45 дарсади назардодагон посухи мусбат додаанд. Ба ақидаи онҳо, ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ имкон медиҳад, ки ҳамаи толибилмон дар як сатҳ либос пӯшанд.

Аммо ба назари 25 дарсади дигар, онҳо беҳбуд ёфтани сифати таълим дар мактабҳоро дар мадди аввал мегузоранд. Ба назари ин гурӯҳ, дар кадом либос ба мактаб ҳозир шудани талаба муҳим нест.

Чунин натиҷагирӣ метавон кард, ки дар ҳамин ҳол, толибилмон дар бар либосҳои мухталиф ба дарс ҳозир хоҳанд шуд.


Дар мактабҳои тоҷикии Қирғизистон аксарияти духтарон бо либосҳои миллии худ ба дарсҳо ҳозир мешаванд.

XS
SM
MD
LG